Ташрифи намояндагони маркази Конфутсий ба ДДҲБСТ
Субҳи 4 декабри соли 2019 директори маркази Конфутсий дар вилояти Суғд ҷаноби Рен Ҷенг Тиан (Ren Geng Tian) ва намояндаи марказ ҷаноби Ҷен Хонг Бинг (Chen Hong Bing) ба ДДҲБСТ ташриф оварданд.
Ҳайати меҳмонон бо роҳбарияти донишгоҳ профессор Шарифзода Муъмин Машокир вохӯрда, доир ба муносибатҳои кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин дар як чанд самтҳо ҳарф заданд. Ҷонибҳо ҳавасмандии худро нисбати табодули устодон ва донишҷӯён бо донишгоҳҳои Ҷумҳурии мардумии Чин, ҳамкориҳои илмиву таҳқиқотӣ ва ҷалби грантҳои таҳсилӣ ба донишгоҳ ёдовар шуданд.
Сипас, меҳмонон аз раванди таълиму тарбия дар донишгоҳ аз наздик шиносоӣ пайдо намуданд. Бахусус, аз сатҳи донишазхудкунии донишҷӯёни курси 1-уми ихтисоси таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ, ки гурӯҳи таҳсилашон бо забони хитоӣ аст, бохабар шуданд. Бо донишҷӯёни курси мазкур сӯҳбат ороста, таъкид доштанд, ки дар оянда онҳо метавонанд дар Ҷумҳурии мардумии Чин таҳсили худро идома диҳанд.
Намояндагони маркази Конфутсий дар вилояти Суғд ба сарвари донишгоҳ нисбати қабули гарму самимӣ ва ҳамкории созанда изҳори миннатдорӣ баён доштанд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа