Баргузории даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» дар ДДҲБСТ

Дар Донишгоҳи давлатии  ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон соли дуюм аст, ки озмуни ҷумҳуриявии « Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 тасдиқ шудааст, бо ибтикори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Санаи 26 майи соли 2025 дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат», раёсати донишгоҳ тадбирҳои лозима андешида, даври якуми озмунро байни донишҷўёни фаъолу қобилиятноки ҳамаи тахассусҳои факултетҳои донишгоҳ ташкил ва баргузор намуд, ки дар он зиёда 20 нафар донишҷўён ширкат варзиданд. Ҳайати ҳакамон иборат аз устодони пуртаҷрибаи донишгоҳ интихоб гардида, ба донишу малакаи иштирокчиён баҳогузорӣ карданд.

Бояд зикр намуд, озмун бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омўзиши амиқу ҳамаҷонибаи корнамоиҳои наҷиб ва фаъолияти шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат, таҳкими Ваҳдати миллӣ, эъмори модели нави давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон дар шароити нави таърихӣ ва ба ин васила дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, ифтихори миллӣ, тақвияти қобилияти кордониву роҳбарӣ миёни қишри ҷавонони аҳолии кишвар, бахусус донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ доир мегардад.

Ҳамчунин ғолибони даври аввали озмун муайян гардида, барои иштирок дар даври дуюм роҳхат ёфтанд ва аз ҷониби ҳайати ҳакамон барои омодагии ҷиддӣ дар даври дуюм тавсияҳо дода шуд.

                                                                                            Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

You might also like