ДДҲБСТ — ҒОЛИБИ СПАРТАКИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ
22 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе Спартакиадаи ҷумҳуриявӣ миёни кормандон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ин чорабинии варзиширо Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намуда, дар он 48 муассисаи таҳсилоти олӣ ва касбӣ иштирок доштанд.
Дастаҳои варзишии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар ин мусобиқаи бонуфуз бо нишон додани маҳорати баланд ва омодагии ҷиддӣ сазовори ҶОЙИ АВВАЛ гардиданд.
Натиҷаҳои назарраси дастаи ДДҲБСТ:
Тенниси рӯйи миз – Ҷойи якум: Қушмуротова Шоҳидахон
Шоҳмот – Ҷойи якум: Мирмаматова Райҳона
Футболи хурд – Ҷойи дуюм
Ёрматов Баҳромҷон бо нишон додани бозии хуб ва саҳми назаррасаш бозингари беҳтарин дониста шуд.
Ин дастовард боз як шаҳодати қобилияти баланди варзишии устодон ва кормандони донишгоҳ мебошад, ки дар баробари фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти варзиш низ фаъолона ширкат меварзанд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа