ДДҲБСТ: Баргузории озмуни Стипендияи раёсати донишгоҳ

Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, 15 майи соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон даври ниҳоии озмуни Стипендияи раёсати донишгоҳ барои нимсолаи дуюми соли таҳсили 2024–2025 баргузор гардид.
Маросими ифтитоҳи озмун бо иштироки муовини ректори донишгоҳ оид ба корҳои тарбия, дотсент Шаҳноза Норматова баргузор шуд. Мавсуф дар суханронии худ таъкид дошт, ки ҳадафи асосии озмун дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманд, соҳибмаърифат, ватандӯст ва хештаншинос мебошад.
Муовини ректор аз ҳайати комиссия даъват ба амал овард, ки дар раванди баҳогузорӣ ба меъёрҳои одилона ва шаффофият таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд.
Дар даври ниҳоии озмун 70 нафар довталаб — ғолибони марҳилаи аввал аз тамоми факултетҳо, шуъбаҳои магистратура, докторантура ва литсейи назди донишгоҳ иштирок намуданд. Комиссия довталабонро аз рӯи шартҳои худмуаррифӣ, донистани забонҳои хориҷӣ, донишҳои сиёсию ҳуқуқӣ, сатҳи тахассусӣ ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ баҳогузорӣ кард.
Озмуни мазкур бо мақсади дарёфт ва қадршиносии донишҷӯёну магистрантон ва докторантоне ташкил гардидааст, ки дар ҷараёни таҳсил дастовардҳои назаррас дошта, дар ҳаёти ҷамъиятии донишгоҳ саҳми арзанда мегузоранд.
Бино ба муқаррароти низомнома, озмун дар марҳилаи аввал дар сатҳи факултетҳо доир гардида, беҳтаринҳо ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа 

 

You might also like