Донишҷӯи ДДҲБСТ дар озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” сазовори ҷойи ифтихорӣ гардид

Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дарёфти истеъдодҳои нав ва рушди фарҳанг, дар шаҳри Хуҷанд марҳилаи дуюми озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” баргузор гардид.

Озмун ҳадафи баланд бардоштани маҳорати касбӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ ва тақвияти зебоишиносии ҷавононро пайгирӣ мекунад.

Дар озмуни мазкур Хушвақтов Умедҷон Мансурҷонович, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо пешниҳоди кори эҷодии худ дар номинатсияи дизайн (жанри дизайни графика, реклама, ороиши бино ва меъмории манзаравӣ) иштирок намуда, сазовори ҷойи дуюм ва Дипломи дараҷаи II гардид.

Ғолиб аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд бо мукофотпулӣ ба маблағи 1400 сомонӣ қадрдонӣ карда шуд.

Роҳбарият ва ҳайати устодони донишгоҳ ин дастоварди шоистаро арҷгузорӣ намуда, ба Умедҷон барору муваффақиятҳои бештар орзу менамоянд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like