ДДҲБСТ: Конференсияи илмӣ –назариявии вилоятӣ таҳти унвони «Тоҷикистон – кишвари ташаббускор дар ҳалли муаммоҳои байналмилалӣ»  

15 майи соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявии вилоятӣ таҳти унвони «Тоҷикистон – кишвари ташаббускор дар ҳалли муаммоҳои байналмилалӣ» баргузор гардид. Конференсия ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ барои соли 2025 эълон шудааст, бахшида шуд.
Дар кори конференсия намояндагони мақомоти давлатӣ, устодону муҳаққиқон, донишҷӯён ва меҳмонони дигар ширкат варзиданд. Бо сухани ифтитоҳӣ муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Бобоҷониён Даврон Дадоҷон баромад карда, аҳаммияти ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, махсусан дар самти ҳифзи захираҳои об ва пиряхҳоро таъкид намуд.
Мавсуф изҳор дошт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаҳои байналмилалӣ пайваста масъалаи обшавии пиряхҳо ва таъсири тағйирёбии иқлимро ба миён мегузоранд. Қатъномаи СММ оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо пуштибонии беш аз 150 кишвари ҷаҳон қабул гардид, натиҷаи ин талошҳои пайгирона мебошад.
Сипас, иштирокчиёни дигар, аз ҷумла Сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Бахтиёр Исматзода, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Шӯҳрат Саидзода, муаллими калони ДИС ДДТТ Фарангис Камолова ва Наргиса Ҳошимова – муаллими калони кафедраи сиёсатшиносии донишгоҳ бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд.
Маърӯзаҳо ба таҳлили паҳлӯҳои мухталифи масъалаи ҳифзи муҳити зист, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва нақши Тоҷикистон дар ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли ин мушкилот бахшида шуда, муҳокимаҳои судмандро ба миён оварданд.
Дар фарҷоми ҳамоиш, маърӯзачиён ва иштирокчиёни фаъоли конференсия бо Сипосномаи раёсати донишгоҳ қадрдонӣ шуданд.

                                                                                              Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like