ДАСТАИ МУНТАХАБИ ОМӮЗГОРОНИ ДДҲБСТ БА ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ РОҲ ЁФТ
Санаи 13 майи соли 2025 дар толори варзишии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди футболи хурд байни кормандон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва касбии вилояти Суғд баргузор гардид. Ин чорабинӣ ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол баргузор шуд.
Дар даври ниҳоии мусобиқа дастаи мунтахаби ДДҲБСТ бо дастаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров рӯбарӯ гардида, бо ҳисоби калони 9 бар 5 пирӯзӣ ба даст овард. Бо ин натиҷаи назаррас дастаи донишгоҳ ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт.
Даври ҷумҳуриявии мусобиқа рӯзҳои 23-24 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Дастаи мо шарафи донишгоҳро дар ин мусобиқаи сатҳи миллӣ намояндагӣ хоҳад кард.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа