ДАСТОВАРДИ ДОНИШҶӮЁНИ МО ДАР 18-УМИН ОЗМУНИ БАЙНАЛХАЛҚИИ «ПУЛИ ЗАБОНИ ХИТОӢ (汉语桥 – HÀN YǓ QIÁO CHINESE BRIDGE)»
Дар Донишкадаи Конфутсияи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон даъвати 18-уми озмуни байналхалқии «Пули забони хитоӣ» (汉语桥 – Hàn yǔ qiáo, Chinese Bridge) баргузор гардид. Ин озмун ҳамасола дар байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ доир гардида, ҳадафи он таҳкими омӯзиши забони хитоӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги ин кишвар ва тавсеаи дӯстии байни Тоҷикистону Чин ба ҳисоб меравад.
Дар озмуни имсола донишҷӯёни ихтисоси 1-23 01 02-05 – «Таъминоти забонии робитаҳои байналмилалӣ (робитаҳои иқтисодии берунӣ)»-и факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ Халилов А, Ҳайдарова М, Абдуҳамидов М. ва Абдукаримова Ш. дар номинатсияҳои худмуаррифӣ, шеърхонӣ ва сурудхонӣ бо маҳорати баланд баромад карда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ ва тўҳфаи хотиравии Сафорати Чин дар Тоҷикистон гардиданд.
Бояд зикд кард, ки озмуни «Пули забони хитоӣ» (汉语桥 – Hàn yǔ qiáo, Chinese Bridge) як платформаи маъруфи байналмилалӣ барои донишҷӯён буда, он аз марҳилаҳои маҳаллӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иборат мебошад. Озмуни мазкур соли 2002 оғоз гардида, то ба имрўз ҳазорҳо иштирокчиёнро аз кишварҳои гуногун гирди ҳам меорад.
Раёсати донишгоҳ иштирокчиён ва ғолибони озмуни мазкурро бо ин дастоварди назаррас дар самти омӯзиш ва рушди забони хитоӣ сидқан табрик гуфта, ба онҳо дар фаъолияти минбаъдаашон барору комёбиҳои нав орзу менамояд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа