ДДҲБСТ: Таҷлили 80-солагии Иди Ғалаба дар шаҳри Истаравшан
Мувофиқи нақшаи чорабиниҳои Раиси Шурои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода санаи 02 майи 2025 як гурӯҳ устодони донишгоҳ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят, барои иштирок ва баромад дар хониши сиёсӣ раҳсипор шуданд. Дар мувофиқа бо муовини ректор оид ба корҳои таълим Мӯминзода Ш.А. устоди донишгоҳамон, дотсент Каримов А.А. ба шаҳри Истаравшан рафта, дар чорабинии бахшида ба 80-солагии Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва 115-солагии иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Раҳим Раҳмонов иштирок ва баромад намуда, нахуст аз номи Раиси Шурои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ҳозиринро шодбошӣ намуда, ба ҳозирин оид ба корнамоиҳои далерони ватан дар фронт ва ақибгоҳ ҳарф зада, чанд шеъру ҳикоятҳои тарбиявӣ қироат намуд.
Бояд таъкид намуд, ки мактаби миёнаи мазкур бо дастгирии молиявии МИҲД-и вилоят таъмиру тармим ёфта, ба номи сокини Истаравшан, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дорандаи се дараҷаи ордени шараф Раҳим Раҳмонов номгузорӣ шудааст. Дар маҳфили илмию адабӣ намояндагони МИҲД-и ш.Истаравшан таҳти сарварии муовини Раиси шаҳри Истаравшан Зафарзода Парвиз ва хонандагону омӯзгорони мактаб, ҷанговарони интернатсионалист, фарзандони равоншод Раҳим Раҳмонов ва як гурӯҳ меҳмонон иштирок доштанд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа