Омӯзиши забони куриёӣ дар ДДҲБСТ
02 майи соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Корея баргузор гардид. Чорабинии мазкурро муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Ризозода Т.Р. ифтитоҳ намуда, оид ба рушди ҳамкориҳои байналмилалии Донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Корея суханронӣ намуд.
Сипас, роҳбари Гӯшаи Кореяи назди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон хонум Со Хе Чин иштирокчиёнро хайрамақдам гуфта, барои дастгирӣ ба раёсати Донишгоҳ арзи сипоси худро баён намуд.
Таъкид шуд, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро бо Ҷумҳурии Корея дар соҳаи маориф ва илм дар асоси Созишномаи ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва илмию техникӣ аз 12 апрели соли 2015 ва ҷаласаҳои Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Корея, ки ҳамасола баргузор мегардад, ба роҳ мондааст.
Дар доираи густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ моҳи марти соли 2024 бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафоратхонаи Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Сафоратхонаи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид. Дар асоси шарномаи мазкур дар назди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Маркази омӯзиши забони куриёӣ ифтитоҳ ёфта, дар муҳлати кӯтоҳ ҳамкории донишгоҳамон бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Корея рӯз аз рӯз густариш ёфта истодааст.
Гӯшаи Кореяи назди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон фаъолияти худро моҳи марти соли гузашта оғоз кард. Дар давоми фаъолияти яксолаи худ зиёда аз 100 нафар донишҷӯён аз омӯзгори соҳибзабон дар бораи фарҳанг ва маданияти Корея маълумот гирифтанд, забони кореягиро омӯхта, соҳиби сертификат гаштанд. Бояд қайд намуд, ки дар муҳлати зикргашта Сафири Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 маротиба ба донишгоҳамон ташриф оварда, як нафар намояндаи раёсати Донишгоҳ моҳи ноябри соли 2024 ба шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея, ҷиҳати иштирок дар барномаи байналмилалии омӯзгорони забонҳои хориҷӣ сафарбар карда шуд. Айни замон якчанд донишҷӯён – хатмкунандагони барномаи омӯзиши забони кореягӣ соҳиби сертификат шуда, омодаи сафар ба Ҷумҳурии Корея мебошанд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа