ДДҲБСТ: Коррупсия – падидаи номатлуби ҷомеаи муосир

30-юми апрели соли 2025 дар  маҷлисгоҳи бинои таълимии №2- и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, бо мақсади пешгирии амалҳои номатлуб, дар мавзуи “Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия барои давраи 2030”, бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва муовинони ректор, деканони факултетҳо, роҳбарони сохтору бахшҳо, устодону кормандони донишгоҳ мулоқоти судманд баргузор гардид.

Дар мулоқот намояндаи Раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд, подполковники адлия Назриён Васлибек Қурбон, нозири шуъбаи муқовимат бо коррупсияи  Раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд Олимзода Ҷаҳонгир Толиб иштирок ва  суханронӣ намуданд.

Сараввал, муовини ректор оид ба корҳои таълим, дотсент Мўминзода Шероз Абдуҷаббор ҷаласаро ҳусни ифтитоҳ бахшида, меҳмононро хайрамақдам намуд.

Зимни баромади худ меҳмонон иброз доштанд, ки дар тамоми давраи рушди тамаддуни башарӣ коррупсия ҳамчуни зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ садди роҳи инкишофи иқтисодиёт ва ҷомеа гашта, суботу оромиро халалдор ва боварии мардумро ба мақомоти давлатӣ коста мегардонид. Илова шуд, ки дар ҷаҳони имрӯза коррупсия дар баробари терроризму экстремизм, паҳншавии маводи мухаддир, буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ ва ғайра ба яке аз таҳдидҳои глобалӣ табдил ёфтааст. Тамоми давлатҳои дунё бо ин ё он восита кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки пеши роҳи ин зуҳуротро гиранд.

Мубориза бар зидди коррупсия кори дастаҷамъона ва умум буда, дар он мақомоти давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо иштироки ҳар як фарди ҷомеа метавонад натиҷаҳои дилхоҳ ба даст оварад ва садди роҳи коррупсия гирифта шавад, зикр доштанд меҳмонон.

Дар анҷоми мулоқот муовини ректор оид ба корҳои таълим Мўминзода Ш.А. сухан карда, зикр намуд, ки ҳадафи баргузории чорабинӣ баланд бардоштани маърифату дониши ҳуқуқии кормандон, амалӣ намудани барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ ва ба ин васила ҷалби таваҷҷўҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ нисбати коҳиш додани ин падидаи номатлуб мебошад.

                                                                                                            Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

You might also like