Муҳоҷирати ҷавонон ва натиҷаҳои иқтисодӣ-иҷтимоии он

Ба ҳар давлат системаи нодири ҷойгиршавии минтақавӣ, системаи сокинишавии худ хос аст, ки дар хусусиятҳои маҳаллӣ ва урфу одатҳои ташаккулёфта, ки бо сохти ҳаёти онҳо мувофиқ аст, асос меёбад. Аммо бо вуҷуди тафовути зиёд, наздикии онҳо дар он аст, ривоятнигорони мероси маданӣ, аслияти миллии онҳо на дар шаҳришавии марказҳои калон ва мегаполисҳои бисёрмиллиона зоҳир мегардад, балки шаҳрчаҳои хурд – гуворо, ба худ хос ва бемисл аст.

Маҳз шаҳрҳои хурду миёна дар рушди устувори фазои минтақаҳо ва давлатҳои худ умуман мавқеъи назаррас ва муҳимро мебозанд. Ин шаҳрҳо ҳамчун омилҳои асосӣ дар тарҳкашии қолиби сатҳҳои гуногун баромад мекунанд, ки вазифаи марказҳои ҷо ба ҷо гузории аҳамияти маҳаллӣ ва минтақавӣ дошта, марказҳои хизматрасонии аҳолӣ, пеш аз ҳама мавзеи аҳолинишини деҳотро иҷро мекунанд.

Маҳз дар шаҳрҳои хурд бештар муаммоҳои калон мавҷуданд.

Яке аз муаммои асосӣ, ки дар шаҳрҳои хурд пайдо гардидааст, муаммои муҳоҷират мебошад. Қисми зиёди шаҳрҳо мунтазам аҳолиашро гум мекунанд. Хусусан ин ба шаҳрҳои хурд хос аст, ки дар назди сарчашмаҳои ашёҳои хоми минералӣ пайдо гашта – ба қадри то охир истихроҷ шудани конҳо шаҳр аҳолиашро гум мекунад. Дар солҳои охир қисми зиёди шаҳрҳои хурд, хусусан қисми аврупоии Россия, бо муаммои «мавҷи муҳоҷират» дучор гардидааст – ба шаҳрҳои хурд даромадани бошиддати гурезаҳо, муҳоҷирони ноилоҷ, инчунин аҳолии русзабон, ки ба ватани таърихии худ аз мамлакатҳои собиқ Шўравӣ баргашта омадаанд, ба назар мерасад. Муҳоҷирати беихтиёронаи аҳолӣ боиси пайдоиши комплекси муаммоҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ мегардад, ки бо кор таъминкунии муҳоҷирон, таъмини манзил ва ғайраҳоро дар бар мегирад.

Муаммоҳои захираҳои меҳнатӣ дар шаҳрҳои хурд ниҳоят шиддатнок мебошад, ки дар бекорӣ (шаклҳои ҳам аён ва ҳам ноаён), муаммоҳои самаранок истифодабарии захираҳои меҳнатӣ (маҳдудияти бозори меҳнат, бекории сохторӣ, номутаносибӣ дар истифодабарии қувваи кори зану мард) зоҳир мегарданд. Солҳои охир захираҳои меҳнатии бекор дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ бошиддат зиёд гардид ва қисми назарраси аҳолии қобили меҳнатро ташкил медод.

Аммо ҳодисаҳои пуравҷи солҳои охир, ки боиси тағйироти куллии ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон гардид, дар соҳаи иҷтимоӣ дигаргуниҳои тезу тундро ба миён овард. Аз кор мондани шумораи зиёди корхонаҳои саноатӣ, афзоиши нархҳо, пастшавӣ ва пардохти номунтазами музди меҳнат, нафақа, имдодҳо ба кўдакон ва ғайраҳо – ҳамаи ин аҳолиро маҷбур сохт, ки мустақилона амал кунад ва ба ёриву дастгирии давлат умед набандад. Аҳолӣ ба дарёфти сарчашмаҳои иловагии маблағ дарафтод, ки боиси равнақи васеъи ҷараёнҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва тиҷоратӣ гардиданд.

Бозори меҳнат ба монанди дигар бозорҳо дар асоси таъсири мутақобили талабот ва таклифот тараққӣ меёбад. Ҷараёни инкишофи он тақсимоти қувваи меҳнатро мувофиқан ба секторҳо, соҳаҳо, сатҳи музди меҳнат ва бекорӣ тағйир медиҳад. Ҷустуҷўи ҷои корӣ ё шароитҳои нисбатан хуби корӣ, захираҳои меҳнатиро зудҳаракаттар гардонидааст. Онҳо ба нуқтаҳои нави шуғли аҳолӣ ҳаракат намуда, вазъи бозори меҳнатро тағйир медиҳанд. Бо гузариш ба ҷамъияти кушода захираҳои меҳнатӣ на танҳо дар фазои мамлакат, балки дар доираи хоҷагии ҷаҳон ҷойивазкунӣ менамоянд. Ин маънои онро дорад, ки бозори ҷаҳонии меҳнат воқеъӣ гардидааст. Қувваи корӣ аз як давлат ба давлати дигар вобаста ба талаботи зиёд ба он ҷойивазкунӣ менамояд, ки дар натиҷа сатҳи таклифоти меҳнатро тағйир дода, вазъи нави бозориро ба миён меорад. Қисми асосии «мавҷи муҳоҷират»-ро ҷавонон, аксарият донишҷўён, ташкил медиҳанд.

Ба сабабҳои асосии муҳоҷирати меҳнатии ҷавонон инҳоро дохил кардан мумкин аст

– сатҳи баланди бекорӣ;

– вазъи ғайриқаноабахш дар бозори меҳнат – 2/5 ҷавонони коргар музди меҳнати паст мегиранд;

– дигаргуншавии услуби ҳаёт;

– таъсири таҷрибаи муҳоҷирати меҳнатӣ ба оила;

– ба даст овардани воситаҳо барои ҳаёти мустақилона;

– дарк кардани олам;

– васеъ гардидани ҳуқуқи касбӣ ва маънавӣ;

– муаммоҳои иҷтимоӣ, пеш аз ҳама манзилӣ.

  1. Ба фикри ҷавонон, фазои мадании шаҳрҳои калон аз шаҳрҳои хурд бойтар мебошад. Хусусан ин ба пойтахти Россия хос аст, ки варақаи боздиди мамлакат дар иттиҳоди ҷаҳонӣ мебошад. Шумораи кам ё набудани театрҳо, ҳайкалҳои архитектурӣ ва ғайраҳо дар шаҳрҳои хурд ва вилоятҳо ба ҷавонон маъқул нест. Ин яке аз сабабҳои муҳоҷират ба давлатҳои мутараққӣ мебошад. Муаммои асосӣ дар тараққиёти сусти индустрияи вақтхушкунӣ дар шаҳрҳои хурду миёна дида мешавад. Ҷавонон ин воқеъиятро ғайриқаноатбахш баҳо медиҳанд ва боварӣ доранд, ки ягон вақт ин вазъият тағйир меёбад. Диққати ҷавононро истироҳат дар кинотеатрҳо, клубҳо, кўчаҳои ободгардида ҷалб менамояд. Мегаполисҳо ин талаботҳоро қонеъ мегардонанд.
  2. Фаъолияти меҳнатӣ бояд ба маълумоти гирифташуда мувофиқат кунад. Дар ноҳияҳо ва шаҳрҳои хурд муаммои маҳдудияти самтҳои фаъолияти касбие, ки дар бозори меҳнат пешниҳод мешаванд, мавҷуданд. Маҳз доираи васеъ дар интихоби соҳаи фаъолият, ки хусусияти хоси шаҳрҳои калон мебошад, диққати ҷавононро ҷалб менамояд.
  3. Фаъолияти касбӣ бояд эҷодкорона ё ақалан шавқовар бошад. Ба мафҳуми зерин ҷавонон, инчунин донишҷўён омили навоварӣ, тағйирёбии кор, зудҳаракатии минтақавиро дохил мекунанд. Чунин талаботи ҷавонон аз тарафи тадқиқотчиён низ қайд шудааст. Имкониятҳои эҷодкорӣ, ба фикри ҷавонон, дар шаҳрҳои хурд суст ба амал меояд, ки ба оромӣ майл доранд.
  4. Фаъолияти меҳнатӣ бояд хуб пардохта шавад. Ба фикри ҷавонон, шаҳрҳои хурд бо фаъолияте, ки имконияти бо маблағи зиёд амал карданро медиҳад, номувофиқ аст. Сатҳи миёнаи даромад дар шаҳри калон воқеъан баланд мебошад, илова бар ин бо кори иҷрошаванда вобаста нест. Аммо, қисмати моддӣ на ба ҳамаи донишҷўён муҳим мебошад. Имконияти худамаликунӣ ва худмукаммалгардонӣ дар тартиботи қимматҳо аҳамиятноктар ба фикри онҳо мебошад. Гурўҳи хурди ҷавонон аҳамияти хурди боигариро дар фаъолияти худ қайд намуданд. Ҷавонон баҳри соҳибихтиёрӣ ҷидду ҷаҳд доранд. Андешаи паҳн шуда, ки ёрии волидайн, алоқаи ошноӣ дар ҳолати бокортаъминкунӣ хуб аст, аз тарафи ҷавонон манфӣ қабул мешавад. Донишҷўёни муосир дар вақти дохил шудан ба бозори меҳнат, мехоҳанд қувва худро озмоянд ва қиммати касбии худро фаҳманд. Дар асоси ин орзу хоҳиши нишон додани рушди иҷтимоӣ хобидааст. Кўчидан ба ба ҷои зисти доимӣ дар шаҳри калон ҳамчун даст кашидан аз ғамхорӣ баҳо дода мешавад, ки шаҳрҳои азим ин талаботро қонеъ мегардонанд.

Ҳамин тарз, дар вақти муҳоҷирати ҷавонон аз шаҳрҳои хурд ба калон, омили асосӣ ва ҳалкунанда бокортаъминкунӣ мебошад, аммо онро ҳамчун яке аз қисмҳои сабаби асосӣ дида баромадан мумкин аст – баланд бардоштани вазъият. Ҷавонони шаҳрҳои хурд макони зисти худро пеш аз ҳама ҳамчун ба талаботи замона номувофиқ баҳо медиҳанд. Сокинони шаҳрҳои азим ба фикри онҳо аз сокинони шаҳрҳои хурд ба қадре сатҳи баланд доранд. Шаҳри калон на танҳо имкониятҳои калон, балки муҳоҷират вазъи кўчидаравандаро ба таври автоматӣ баланд мебардорад.

Хоҷаева Дилрабо Абдусамадовна

 

You might also like