Чорабинии тарбиявӣ оиди омӯзиши асарҳои Сарвари давлат дар мисоли «Чеҳраҳои мондагор»

Санаи 29–уми апрели соли 2025 дар китобхонаи илмии ДДХБСТ чорабинии тарбиявӣ оиди омӯзиши асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мисоли «Чеҳраҳои мондагор» доир гардид.
Дар чорабинӣ мутахассиси китобхонаи илмии донишгоҳ Умарова У., мудири кафедраи забони русӣ дотсент Негматова М.М., н.и.ф. Исломзода М., муаллими калони кафедраи забони русӣ Дадобоева Р.С. ва донишҷӯёни соли аввали факултети сиёсатшиносӣ ва МБ иштирок намуданд.
Дар бораи асари пурқиммати Пешвои миллат н.и.ф., муаллими калони кафедраи забони русӣ Исломзода М. маълумот пешкаш намуда афзуд, ки асари ҷадиди Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Чеҳраҳои мондагор» доир ба ҳаёт ва фаъолияти қаҳрамононаи 25 нафар чеҳраи баргузидаи илмӣ, адабӣ, динӣ, мазҳабӣ ва таърихиву сиёсиро дар бар мегирад. Хонанда ҳангоми мутолиаи асари мазкур доир ба шахсиятҳои варзида ва нобиғаи давр, ба монанди Куруши Кабир, Спитамен, Зардушт, Монӣ, Маздак, Муҳаммад (с), Имоми Аъзам (р), Исмоили Сомонӣ, Абўабдуллоҳ Рўдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Шамси Табрезӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Мир Сайид Алии Хамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ, Садриддин Айнӣ, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва Сотим Улуғзода, ки маълумоти арзишманди илмӣ гирдоварӣ шудааст, маълумоти бештар пайдо менамояд. Китоби «Чеҳраҳои мондагор» аз 364 саҳифа иборат буда, соли 2016 чоп шудааст. Инсоне, ки аз таърихи ниёгони худ бохабар аст, метавонад вазъияти зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯзаро дарк намояд, ояндаро тасаввур созад. Мақсади сарвари хирадманди мо низ ҳамин аст, ки ҷавонон бояд худогоҳ бошанд, дар ҷаҳони пурталотум мавқеи устувори шаҳрвандии худро нигоҳ дошта, дар пешрафт, ободӣ ва суботи мамлакат саҳмгузор бошанд.

 

                                                                                              Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like