Семинар-тренинг барои такмили ихтисоси омӯзгорони донишгоҳҳои шаҳри Хуҷанд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо ташаббуси мушовири ректор оид ба робитаҳои байналхалқӣ, профессори кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ Ҷӯраев Абдураҳим Ҳоҷиевич, бо мақсади такмили ихтисоси омӯзгорони ҷавони соҳаи гуманитарӣ семинар – тренингҳо дар заминаи курсҳои гуногуни Барномаи байналхалқии “Инсоншиносӣ” оғоз гардида, се рӯз давом намуд ва дар он наздик 30 нафар омӯзгорони фанҳои гуманитарӣ аз ДДҲБСТ, ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров, Донишкадаи фанҳои дақиқ ва технологияи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Донишкадаи иктисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Филиали Хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ иштирок доштанд. Ҳамчунин, дар чорабинии мазкур ҳамоҳангсози барномаи Инсоншиносӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон, профессор Нурҷавҳар Исоева, мутахассиси Барномаи Инсоншиносӣ Обидхон Қурбонмамадов, омӯзгори калон ва журналисти варзида Махкамбой Каримов ба ҳайси тренер ширкат варзиданд.
Сараввал, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалии донишгоҳ профессор Ризозода Т.Р. аз номи роҳбарият меҳмононро хайрамақдам гуфта, зикр дошт, ки баргузории чорабинии мазкур дар баланд бардоштани дараҷаи тахассусии омӯзгорон ва беҳтар гаштани сифати таълим мусоидат мекунад.
Бояд қайд кард, ки семинари мазкур 5-умин семинар дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, он аз ҷониби дотсент Абдураҳим Ҷӯраев, дар давоми фаъолияташ ҳамчун муовини ректор ва мушовири ректор оид робитахои байналмилалӣ бо ҳамкорони худ ташкил ва баргузор шуда истодааст ва дар заминаи семинар- тренинги мазкур даҳҳо нафар омўзгорони донишгоҳҳои шаҳри Хуҷанд маҳорати касбии худро баланд бардошта истодаанд.
Мавриди зикр аст, ки икдоми гузаронидани семинар-тренинг аз ҷониби директори “Барномаи инсоншиносӣ” доктор Абдулмамад Илолиев дастгирӣ гардид. Баргузории семинар-тренинги навбатӣ маънои онро дорад, ки робитаи донишгоҳ бо “Барномаи Инсоншиносӣ”-и Донишгоҳи Осиёи Марказӣ рӯз аз рӯз тақвият меёбад ва самараҳои назаррас хоҳад дод.