Пешниҳодҳои муфиди Тоҷикистон дар ҳалли проблемаҳои глобалӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои Аврупо сафар намуда, бо имзои чандин шартномаҳои муҳими давлатӣ бори дигар собит намуданд, ки ҳамеша дар фикри ободию пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд. Мунтазам ин иқдоми шоиста идома дода мешавад, ки як ҷузъи сиёсати мардумпарваронаи Пешвои маҳбуби миллат ба ҳисоб меравад.

Санаи 8 ноябр дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Франсия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Директори кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин ниҳоди бонуфузи Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти ЮНЕСКО барои густариши ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои фарҳанг, илм ва маориф изҳори сипос карданд.

Зимни мулоқот масъалаҳои ҳифзу гиромидошти мероси  гаронбаҳои таърихию фарҳангии миллати тоҷик, ба руйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид кардани номгӯйи мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон, воқеъ дар Роҳи Абрешим, муҳокима карда шуд. Таъкид гардид, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ – рӯ овардан ба таърих ва арзишҳои миллӣ, минҷумла забон, фарҳанги куҳантаърихи миллат ва анъанаву суннатҳои неки ниёгон аҳаммияти басо муҳим касб кардааст. Ҷонибҳо ҳадафи аслии ҳамкориро мусоидат ба таҳкими сулҳу субот ва рушди устувори кишварҳои аъзои Созмон аз ҳисоби густариши робитаҳо дар соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг маънидод карданд.

То имрӯз номинатсияҳои “Шашмақом”, “Наврӯз” ва “Чакан – санъати гулдӯзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шудаанд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим дорад, ки соли 2020- ум 5500-солагии шаҳри қадимаи Саразмро, ки соли 2010 ба Феҳристи мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО ворид  шуда буд, таҷлил намояд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин лоиҳаҳои мазкур ба татбиқи нақшаи ҷалби сайёҳон ба кишварҳои минтақа, алалхусус Тоҷикистон, муаррифии шоистаи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангии кишвари мо, ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, аз ҷумла мусоидати ЮНЕСКО оид ба таҳияи стратегияи рушди таҳсилот ва такмили усулҳои омодасозии омӯзгорон, мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин ба масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир карданд. Дар ин зимн Директори кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле пешниҳод кард, ки ҳамкориҳо дар доираи барномаҳои махсуси ЮНЕСКО оид ба омӯзиши пиряхҳо ва обистифодабарӣ, ҳамчунин захираҳои биосфера тақвият бахшида шаванд.

Дар робита ба ин атрофи мушкилоти рӯзмараи ҷаҳонӣ, аз қабили тағйирёбии иқлим ва паёмадҳои манфии он мубодилаи афкор сурат гирифт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар ҷаласаи 40 – уми Конфронси Генералии ЮНЕСКО дар масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим иштирок намуда, дар баромади худ қайд карданд, ки, тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он  яке аз мушкилоти ҷиддии замони муосир ба ҳисоб мераванд.  Таъсири манфии ин падидаи глобалӣ ба миқдор ва сифати захираҳои оби тоза низ торафт аён мегардад.

Дар охири баромади худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти вобаста ба тағйирёбии иқлим чунин пешниҳодҳои муфидро пешкаш намуданд:

1) Истифодаи васеи манбаъҳои энергияи таҷдидшаванда, ки заминаи мусоидро барои рушди иқтисоди  “сабз” мегузорад, дастгирии ҳамаҷониба ёбад.

2) Ба ҳамкории байналмилалӣ дар масъалаҳои ҳифзи манбаъҳои обӣ таҳким бахшида шавад. Бо ин мақсад пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи таъсис додани Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо мавриди амал қарор гирад.

3) Мушкилоти таъсири тағйирёбии иқлим ба ҳолати захираҳои обӣ ва роҳҳои пешгирии натиҷаҳои манфии он ба рӯзномаи чорабиниҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамчун масъалаи муҳими рӯз шомил карда шавад.

6) Кишварҳои мутараққӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати мониторингу ҳифзи пиряхҳо ва дигар манбаъҳои захираҳои обӣ ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва камтараққӣ кумакҳои молиявӣ ва техникии ҳамаҷониба расонанд.

Амалишавии пешниҳодҳои мазкур баҳри ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим мусоидат намуда, инчунин мавқеи муҳими Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар рафъи проблемаҳои аҳамияти байналмиллалидошта қавӣ мегардонад.

Латипов С.У.ассистенти кафедраи

ҳуқуқи конститутсионии ДДҲБСТ

You might also like