Тири шикаста
Ҳамаи гурӯҳи террористон ба марзи Тоҷикистон, ки шаби 6 – уми ноябр ба вуқӯъ омад, боз як кӯшиши душманони миллат барои ноором кардани ҳаёти осоишта ва дар байни ҷомеа ба вуҷуд овардани тарсу ҳарос буд. Террористон хостанд бо чунин амали худ 25-солагии ҷашнгирии Конститутсияи Тоҷикистонро халалдор намоянд.
Дар натиҷаи далерию ҷасурии сарҳадбонон нақшаҳои террористон барбод дода шуд ва гурӯҳи ифротӣ торумор карда шуд. Душманони миллат наҳзатиҳои ифродгаро боварӣ доштанд, ки гурӯҳи террористон бо ҳуҷуми ногоҳонаи худ ҳаёти осоиштаи ҷомеа ва ҷашни иди Конститутсияро халалдор намоянд, аммо тирашон хок хӯрд. Душманонро дастовардҳои Тоҷикистон ва пойдор гардидани мавқеи он дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ ба изтироб оварда барои онро барбод додан нақшаҳо тарҳрезӣ менамоянд.
Бояд қайд кард, ки сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистониёнро кулли давлатҳои ҷаҳон дастгирӣ намуда барои густариш додани муносибатҳо ҳавасмандӣ зоҳир менамоянд.
Сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давлатҳои Шветсария ва Фаронса бори дигар нишон дод, ки онҳо сиёсати Тоҷикистонро дастгирӣ менамоянд ва барои тақвият додани робитаҳо ҷонибдор мебошанд. Дар воқеъ имрӯз Тоҷикистон дар байни давлатҳои ҷаҳони муосир мавқеи устувор дорад ва онҳо нисбати Тоҷикистон нигоҳи нек дошта ташаббусҳои онро дастгирӣ менамоянд.
Мо боварӣ дорем, ки кӯшишҳои душманони миллат ба мақсад нахоҳад расид, зеро имрӯз тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ сиёсати созандаю бунёдкоронаи Ҳукуматро дастгирӣ намуда баҳри амалӣ гардонидани корҳои ободонию созандагӣ фаъолона иштирок намуда истодаанд. Чунин эътиқоду мавқеъ ҳамагуна нақшаҳои душманони миллатро барбод дода барои пойдору устувор гардидани пояҳои давлатдорӣ дар мамлакат мусоидат менамоянд.
Одинаев А. – н.и.т., дотсенти
кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ