Мубориза алайҳи хушунат ва пешгирӣ аз ВНМО
Дар доираи маъракаи иттилоотии «16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат» дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мизи мудаввар доир гардид. Дар мизи гирд роҳбарият ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ, роҳбарону намояндагони ташкилоту идораҳои дахлдор ширкат намуданд. Муовини ректор оид ба корҳои тарбия Хоҷаева М. чорабиниро ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба иштирокчиён муаррифӣ кард ва афзуд, ки бояд алайҳи хушунат мубориза бурд ва оилаи солимро бунёд кард.
Дар идома намояндаи ТҶ Маркази занон “Гулрухсор” баромад намуда, дар мавриди сабабу омилҳои ба хушунат гирифтор шудани занону бонувон ва роҳҳои пешгирии он ибрози андеша кард.Зикр шуд, ки оила асоси ҷамъият буда, таҳти ҳифзи махсуси қонун ва давлат қарор дорад. Қабл аз ҳама, ташаккули шахсият дар рӯҳияи инсондӯстӣ, эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мавқеъ ва масъулияти шаҳрвандӣ ба он вобастаанд. Бар зидди зӯроварӣ дар оила ва барои ҳалли ин мушкилот бояд дастаҷамъона мубориза бурд.
Ҳамчунин, бо доираи васеъи устодону доннишҷӯён дар маҷлисгоҳи бинои таълимии №2-и донишгоҳ бо иштироки роҳбарону намояндагони марказҳои тиббии муборизабарандаи Вируси норасоии масъунияти одам мулоқоти судманд доир гардид. Дар мулоқот роҳҳои гирифторӣ ба ин беморӣ ва пешгирӣ аз гирифторшавӣ ба он маълумот дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки маъракаи «16 рӯзи мубориза бар зидди зӯроварии гендерӣ» дар тамоми кишварҳо бо қарори махсуси СММ 25 ноябр оғоз шуда, 10 декабр анҷом меёбад, ҳамзамон, бо мақсади мубориза ба ВНМО санаи 1 декабр ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо ВНМО шинохта шуда, чорабиниҳои мухталиф роҳандозӣ карда мешаванд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа


