Ҳалномаи одилонаи
Мардуми тоҷику тоҷикистонӣ ба ягон Паймон, Анҷуман ва ташкилоти ифротии дар хориҷӣ мамлакат фаъолият дошта ниёз надорад. Мо ҷонибдори ҳалномаи одилонаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон намудани Паймони миллии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти террористӣ мебошем.
Паймонҳои беаҳду паймон барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷ манфиате ба бор намеорад ва мардуми Тоҷикистон ба чунин Паймонҳо эҳтиёҷе надоранд.
Бигзор ташкилкунандагон ва аъзоёни чунин Паймон дар фикри меҳнати ҳалолу маблағи бо меҳнат ба даст меомадаро фикр кунанд, на гирифтани маблағҳои бедарди миён барои ноором сохтани авзои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳеҷ як ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ба мисоли ТЭТ ҲНИ, Паймони миллӣ, Анҷумани озодандешон ва мисоли онҳо ба миллату давлат самараи нек намеоранд. Аз қафои онҳо мардум парешон, ҷомеаи вайрон ва авзои сиёсии онҳо вазбен мешавад. Таҳлилҳо дарак медиҳад маҳз мавҷудияти ҳизбу созмонҳои ифротӣ монеаи асосии рушди соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ҳастанд.
Изҳороти кафедраи
тарбияи ҷисмонии ДДҲБСТ