Ҷинояткор будани худро ТЭТ ҲНИ бори дигар исбот намуд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал нест, ки ба кишвархои Аврупо сафар менамоянд. Ҳар як сафару мулоқот ва ташрифашон ба ин ё он мамолики дунё дар шинохти Тоҷикистони соҳибистиқол ва муаррифии он хидмати бузургро анҷом медиҳад ва самараи хуб ҳам дода истодааст. Ин аст, ки имрӯз кишвари ҷавони моро беш аз 150 давлати дунё мешиносад ва дар ин замина, ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, илмиву фарҳангӣ ва ғайраҳо ба роҳ монда шудаанд, ки маҳз аз самараи судманди сафарҳои Сарвари давлат ва ташаббускориҳои созандаву бунёдкориҳояшон шаҳодат медиҳад.

Хоинони давлату миллат бояд бидонанд, ки Президенти Тоҷикистон на ба назди хоинони Ватан ва гуфтушуниди онҳо, балки ба сӯи ояндаи неки Тоҷикистон ва рушди босуботи он қадами устувор мегузоранд. Ҳар иқдом ва ташаббусҳои Пешвои миллатро мо – мардуми шарифи Тоҷикистон пайгирӣ ва ҷонибдорӣ менамоем. Баръакс, ватанфурӯшиву хиёнаткорӣ ва амалҳои пасипардагии гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ боз ҳам ба мардум равшантар гардида, ҷинояткор будани худро ТЭТ ҲНИ бори дигар исбот намуд. Мақсади бадхоҳиву сангпартоиҳои ин гурӯҳи нотавонбин тайи солҳо ва рӯзҳои охир, бешубҳа, аён гардида истодааст.

Ин бадхоҳони миллат бояд бидонанд, ки хоки муқаддаси тоҷику тоҷикистонӣ на ҳар фардеро мепазирад ва на ҳар касеро ба оғӯш мегирад. Аммо, ба ҳар сурат, Пешвои хирадманди миллат гуноҳи ҳазорҳо ҷинояткорону маҳбусони кишварро бахшиданд, ки аз бузургӣ ва хислатҳои неки инсонии Сарвари давлат шаҳодат медиҳад.

Аммо бояд донист, ки нафароне, ки тайи чанд соли охир дар кунҷу кӯчаҳои бесоҳибу беодами Аврупо гирдиҳамоиву роҳпаймоиҳои беасос ташкил намуда буд, чӣ суде ба миён овард? Баръакс, муҷиби хандаи истеҳзоомези хориҷиён шуд.

Негматова Ш. – ассистенти

кафедраи менеҷменти ДДҲБСТ

You might also like