Роҳпаймоӣ ба муносибати Рӯзи Парчами миллӣ

Ба ифтихори Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари мамлакат чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ва варзишӣ роҳандозӣ гардиданд. Дар ин раванд Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон низ дар канор намонд. Дар баробари баргузор намудани чорабиниҳои мухталиф кормандон ва  устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таҳти сарварии ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода бо шукргузорӣ аз фазои осоишта ва рушди босуботи кишвар ба муносибати Рӯзи Парчами миллӣ, ки ҳамасола санаи 24-ноябр қайд карда мешавад, дар қатори беш аз 20 000 нафар шаҳрвандони касбу кори гуногундошта аз ду ҷониби хиёбони ба номи Раҳмон Набиев то майдони Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо парафшонии Парчамҳои миллӣ ва шиору овезаҳо роҳпаймоӣ намуданд.

Бояд зикр кард, ки дар рӯзҳои таърихӣ қабул гардидани Парчами давлатӣ тавонист, эҳсоси гарми ватандориро дар кошонаи қалби ҳар фарди соҳибдил бедор созад ва моро ба фардои дурахшон раҳнамун созад. Мардуми шарифу сарбаланди мо, бахусус насли ояндасози миллат, бояд аз Парчами давлати худ ифтихор кунанд ва онро чун рамзи пойдориву бақои мамлакат эҳтиром намоянд.

Барномаи фарҳангии тараннумгари ватандӯстиву хештаншиносӣ табъи иштирокдоронро болида намуда, ба чорабнии тантанавӣ хусни анҷом бахшид.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like