Вохӯрии навбатии намояндагони сафоратхонаи Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯёни ДДҲБСТ
Нимаи дуюми рӯзи 22 ноябри соли 2019 дар толори факултети ҳуқуқшиносии ДДҲБСТ вохўрии намояндагони сафоратхонаи Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯёни ДДҲБСТ баргузор гардид. Дар вохўрӣ котибони сафири Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Отабек Турсунбеков ва Фаррух Азизов иштирок доштанд. Ба меҳмонон намояндаи МИҲД-и вилояти Суғд Мирзо Ғафуров ва намояндагони ҷамъияти ӯзбекон дар вилояти Суғд ҳамроҳӣ намуданд. Меҳмонон бо донишҷӯён, бахусус, бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки зиёда аз 250 нафар дар ДДҲБСТ таҳсил мекунанд, мулоқот доир намуда, оид ба интихоботи Парламенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки санаи 22 декабри соли 2019 гузаронида мешавад сўҳбат намуданд. Ҳамазамон, аҳамияти ширкати донишҷӯён – шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар интихобот зикр ёфт.