Ҳадафи олии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон

Санаи 28 декабри соли 2024 Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар ироа карда шуд. Дар Паёми сарвари давлат самтҳои асосии иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илм, маориф ва сиёсии мамлакат таҳлилу баррасӣ гардиданд. Бояд қайд кард, ки дар Паёми имсола Сарвари давлат  оид ба марҳилаи нави тараққиёт  ва  амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар сухан намуда, таъсири вазъи кунунии ҷаҳонро барои амалӣ намудани ин ҳадафҳо чунин  баён намуданд:

«Ҳоло кишвари мо дар марҳалаи нави тараққиёти худ қарор дошта, бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст.

Дар баробари ин, нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин, канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ моро водор месозанд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешем.

Дар ин ҷода моро зарур аст, ки дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем.

Зеро мардуми мо мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд.

Ин аст ҳадафи олии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон.

Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардум нақшаҳои бузурги созандагиро роҳандозӣ карда истодааст».

Бесабаб нест, ки сарвари давлат дар оғози Паёми имсола ба вазъи кунунии ҷаҳон ва таъсири он гуфта гузаштанд. Зеро дар раванди ҷаҳонишавӣ ҳамкорӣ ва алоқамандии давлатҳо дар бештари самтҳо бо ҳамдигар афзуда, дар баъзе ҳолатҳо таъсири вазъи беруна ба дохили давлаҳо бештар гардидааст. Ҷангу низоҳое, ки дар минтақаҳои гуногуни олам рух дода истодаанд, ба тамоми давлатҳои мавҷудбудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бетаъсир намегузаранд. Барои мисол вазъи кунунии Ҷумҳурии Украинаро, ки  яке аз давлатҳои  собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ва аъзои ИДМ мебошад, нигарем, мебинем, ки ин ҷанг барои давлатҳои аъзои ИДМ чӣ гуна мушкилиҳоро ба бор овардааст. Нооромӣ дар ин кишвар ва бад шудани муносибатҳои Россия бо Украина, инчунин кишварҳои ҷонибдори Украин ҷорӣ намудани таҳримҳои иқтисодӣ нисбати Россия, ки дар доираи ИДМ кишвари калидӣ ба ҳисоб меравад, барои давлатҳои аъзои ИДМ ва инчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон бе таъсир намебошад.

Яке аз самтҳое, ки имрўзҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия то андозае мураккаб гардидааст, ин масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад, ки бо ҳодисаи террористии рухдода дар шаҳри Москва ва ҷорӣ намудани чораҳои сахти назорати муҳоҷирати меҳнатии тоҷик аз ҷониби Россия мебошад, ки  кишвари моро нигарон намудааст.   Пӯшида нест, ки аз ҳисоби муҳоҷирати меҳнатӣ ба кишвари мо даромади назарраси молиявӣ ворид мегардид, ва ба вазъи иқтисодии кишвар таъсир мерасонд. Бо вуҷуди дар ин самт анҷом додани корҳое зиёде аз ҳарду ҷониб, мушкилии муҳоҷирати меҳнатӣ пурра бартараф нагардидааст. Бинобар ин харчӣ тезтар ҳал гардидани масъалаи низоъ дар Ҷумҳурии Украин миёни кишварҳои манфиатдор ва барқарор намудани муносибати кишварҳо миёни ҳамдигар барои кишвари мо низ муҳим арзёбӣ мегардад. Кашол ёфтани ҷанг дар Ҷумҳури Украина боиси афзудани мушкилиҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва аз ҳама хатарнокаш хатар ба амнияти кишварҳои аъзои ИДМ ба маротиб меафзояд.

Давом кардани чунин вазъият монеаҳои ҷиддиро дар амалисозии ҳадафҳои миллиамон амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодӣ, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олии кишвар ироа карда буданд, эҷод менамояд.

Шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ миёни кишварҳои абарқудрат, низ яке аз нигарониҳои дигар дар муносибатҳои байналхалқи ба ҳисоб меравад. Алалхусус ин вазъият барои кишварҳое, ки иқтидори иқтисодӣ, амниятияшро мустақилона ҳимоя карда наметавонад, хатаровар аст. Таҳлилҳои коршиносони соҳа нишон медиҳад, ки давлатҳои абарқудрати ҷаҳонӣ дар бештари мавридҳо рў ба рў ҷанг намекунанд вале онҳо барои нишон додани қувваи худ аз ҳудуди дигар давлатҳо дар минтақаҳои гуногун истифода мебаранд. Хатари чунин муборизаҳои давлатҳои абарқудрати ҷаҳонӣ дар давлатҳои бо ном сеюм хеле хатарнок ва нигароникунанда мебошад. Хатари чунин низоъҳо дар он зоҳир мегардад, ки давлатҳои абарқудрат барои нигоҳ доштани мақоми худ дар арсаи байналмилалӣ аз ҳамаи имкониятҳои мавҷудаи худ истифода мебарад то ки ҷониби дигарро мағлуб кунад. Дар чунин вазъият давлате, ки дар он ҷанг ё низоъ оғоз мегардад ва давлатҳои абарқудрат дахолат мекунанд, метавонад нест шавад ва ё талафоти ҷонӣ, ки барқарорнашаванда мебошад, бе ниҳояд зиёд шавад. Дар ин маврид мо метавонем вазъияти кунунии Шарқи Наздикро дида баромем, ки дар баробари харобиҳо ва дигар зарарҳо талафотҳои калони ҷонӣ ба вуҷуд меояд.

Мушкилии муаммои мухолифатҳои сиёсӣ миёни кишварҳои абарқудрат дар он зоҳир мегардад, ки он дар як минтақа сарзада оқибат ба дигар минтақаҳо паҳн мегардад. Яъне ҷангу низоъҳо метавонанд, ки дар дигар минтақа аз нав оғоз гарданд, алалхусус минтақаҳои даргир, ки Осиёи Марказӣ ба он дохил мебошад.

Маҳз чунин вазъиятро Сарвари давлат дар Паёми имсола ёдовар шуда чунин таъкид намудан, ки нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин, канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ моро водор месозанд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешем.

Аз ин лиҳоз ҳар як шаҳрванди бо нангу номуси кишвар бояд доимо манфиатҳои давлату кишварро дар маддӣ аввал гузошта нагузорад, ки кишвари гулгулшукуфонимо ба гирдоби ҷангу низоъҳо ғарқ шавад. Зеро аз муттаҳидӣ ва ваҳдату якдилии мо тинҷую амонии кишварамон вобастагии калон додар.

 

Муаллими калони кафедраи

 муносибатҳои байналхалқӣ  Далатов У. Н.

You might also like