Парчамат бодо парафшон Тоҷикистони азиз!

Имрўз дар қаламрави кишварамон силсилаи муқаддасот ва арзишҳои миллию фарҳангӣ дар сатҳи баланди давлатӣ таҷлил мегардад, ки ин падидаи хурсандибахш ифодагари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад. Ин нуктаро ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Муъмин Шарифзода зимни баргузории чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ, ки дар донишгоҳ баргузор гардид, баён намуд. Илова гардид, ки ҳамасола, санаи 24 ноябр бо шукўҳу шаҳомати тоза таҷлили Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиром ва қадршиносӣ ба яке аз муқаддасот ва рамзҳои асосии давлатдориамон ба ҳисоб меравад. Зеро баргузории ин ҷашни саид дар замири ҳар фарди соҳибватан эҳсоси дўст доштан ва парастиши ин марзу бумро дучанд мегардонад.

Дар чорабиниии тантанавӣ намояндагони МИҲД-и вилояти Суғд ва КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд иштирок ва сухан карданд. Иброз гардид, ки Парчами давлатии мо дар радифи арзишҳои дигари халқу Ватан- Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ, Конститутсия, забони давлатӣ асло газанд намеёбанд ва ҳамеша гиромӣ ва муқаддас дошта мешаванд. Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол дар қатори парчами давлатҳои соҳибихтиёри дунё дар саҳни бинои Созмони Миллали Муттаҳид парафшонӣ намуда, аз ҳастӣ, шаъну шараф ва обрўю эътибори давлати Тоҷикистон, миллати саодатманди тоҷик гувоҳӣ медиҳад.

Дар идомаи чорабинии тантанавӣ ба як қатор ғолибони озмуну чорабиниҳои илмию фарҳангшӣ ва варзишӣ, гирандагони стипендияи раёсати донишгоҳ бо мукофотпулӣ, сипоснома ва туҳфаҳои рамзии раёсати донишгоҳ қадршиносӣ гардиданд.

Шеъру гуфтор ва сурудҳо дар васфи Парчаму Истиқлолият ба чорабинии тантанавӣ ҳусни анҷом бахшид.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

You might also like