Силсилачорабиниҳо ба истиқболи Рӯзи Парчами миллӣ дар ДДҲБСТ
Ба истиқболи Рӯзи Парчами миллӣ дар тамоми факултетҳову кафедраҳо чорабиниҳои гуногун аз қабили: дарсҳои кушоду намунавии тарбиявӣ, мизҳои мудаввар ва конференсияҳо доир гардиданд.
Дар кафедраи муносибатҳои байналхалқии донишгоҳ чорабинии илмӣ- тарбиявӣ бахшида ба Рӯзи Президент ва Рӯзи Парчами миллӣ таҳти унвони “Пешвои миллат – ифтихори миллат”, дар факултети молия дарси кушоди тарбиявӣ бо номи “Парчамат парафшон бод Тоҷикистони азиз!”, дар факултети бизнес ва идоракунӣ озмун-виктарина байни донишҷӯён дар мавзӯи “Парчам-рамзи истиқлолият” ва дар кафедраи кори бонкии факултети молия дар доираи ҳафтаи кафедраи мазкур дарси кушоди тарбиявӣ таҳти унвони “Парчами миллӣ рамзи худшиносӣ” чорабиниҳо баргузор гардиданд.
Дар китобхонаи илмии донишгоҳ низ бо ташаббуси кафедраи халқи тоҷик конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва кафедраи сиёсатшиносӣ мизи мудаввар дар мавзӯи “Парчами миллӣ ва аҳамияти он дар боло рафтани эҳсоси ватандӯстии ҷавонон” баргузор гардиданд.
Зимни чорабиниҳо иброз гардид, ки Парчами мо таҷассумгари азму иродаи устувори мардум, пайкори созандагию асорати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои родмардони сарзаминамон мебошад. Парчам моро баҳри ҳаёти осоиштаю сулҳу субот ва мубориза баҳри зиндагии арзанда ва инкишофи озодона, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ ҳидоят ва роҳнамоӣ менамояд. Маҳз истиқлолияти давлатӣ ба мо барои таҷлили пуршукўҳи тамоми санаҳои таърихии миллиамон, аз ҷумла, гиромидошти Парчам ва дигар рамзҳову муқаддасоти Ватанамон шароити мусоид фароҳам овард.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа







