Муқовимат ба савдои одамон
19 феврали соли 2025 дар маҷлисгоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқоти намояндагони Вазорати корхои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо устодону донишҷўён дар мавзуи «Муқовимат ба савдои одамон» баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, деканон, мудирони кафедраҳо, олимону устодон ва муҳассилини донишгоҳ иштирок намуданд.
Сараввал чорабиниро муовини ректор оид ба таълими донишгоҳ, дотсент Мўминзода Шероз Абдуҷаббор ҳусни ифтитоҳ бахшида, барои ташриф ва ташкили вохўрии судманд ба меҳмонон сипоси худро изҳор намуд.
Дар чорабинии мазкур мушовири Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., мутахассиси соҳаи ҳуқуқи ҷиноятӣ, генерал – майори милитсия Солиев К.Ҳ., профессори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат ба коррупсияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шарипов Т.Ш., сардори Маркази муқовимат ба савдои одамони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Шоҳимардонзода С.Р. ва ҳамоҳангсози барномаи муқовимат ба савдои одамони Созмони байналмилалии муҳоҷират Раҳматҷонов Б. иштирок ва баромад намуданд.
Зимни баромади худ меҳмонон иброз доштанд, ки савдои одамон дар миқёси байналмиллалӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва поймолкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон эътироф шудааст. Гурӯҳҳо ва ташкилотҳои муташаккили ҷинояткор бо мақсади роҳандозии ҳадафҳои ҷинояткорона ба савдои одамон даст зада, нафарони зиёдро бо ҳавасмандкунии молиявӣ, ҷалб намудан ба меҳнат ва музди маоши баланд дар давлатҳои хориҷӣ фирефта карда, ҳадафҳои нопоки худро амалӣ менамоянд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ барои коҳиш додани талаботи истеъмолӣ ба савдои одамон, хусусан занону кӯдакон, барои баланд бардоштани сатҳи иттилоотонии башарият оид ба оқибатҳои фалокатбори истисмори савдои одамон чораҳои зарурӣ меандешад. Хусусиятҳои муташаккил ва фаромиллӣ гардидани ҷинояти савдои одамон дар ҷаҳон эътимод ва кӯшиши бетаъхири ба ҳам омадани давлатҳои ҷаҳонро тақозо менамояд.
Дар анҷом, байни меҳмонон, олимону устодон ва донишҷўёни донишгоҳ музокироти судманд ҷараён гирифт.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа