Устоди ДДҲБСТ барандаи ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи барномасозӣ шуд

04 феврали соли 2025 дар шаҳри Душанбе, дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев, бо мақсади натиҷагирӣ ва ҳавасманд намудани кормандони фаъол дар самти кор бо ҷавонон ва қадрдонӣ намудани ғолибони озмунҳои эълоннамудаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷоизасупорӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур ғолибон дар соҳаи  адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, барномасозӣ, эҳёи ҳунарҳои миллӣ, техника, технология ва  навоварӣ (инноватсия) қадрдонӣ карда шуданд.

Боиси ифтихормандист, ки дотсенти кафедраи технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти донишгоҳ Исмоилов Шӯҳратҷон Мамараҳимович дар маросими мазкур иштирок варзида, дар соҳаи барномасозӣ ҳамчун ғолиб бо диплом ва маблағи пулӣ қадрдонӣ карда шуд.

Барномаҳои таҳиянамудаи Исмоилов Ш.М  ба озмуни мазкур дар самти таълим татбиқ карда шуда, ҷиҳати иҷроиш ва амалинамоии “Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2042”  равона карда шудааст.

Бояд зикр кард, ки муҳаққиқи ҷавон дар самти мазкур зиёда аз 20 намуди таъминоти барномавӣ, ба монанди барномаҳои компютерӣ, замимаҳои мобилӣ, web-сомонаҳо ва ғайраҳоро таҳия намудааст.

Ба устоди донишгоҳ барои ғолибият дар озмуни мазкур барору комёбӣ таманно дорем.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

You might also like