Усулҳои фаъол ва татбиқи онҳо дар раванди таълим

18 феврали соли 2025 тибқи барномаи ҳафтаи кафедраи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва барномарезӣ семинари таълимию методии донишгоҳӣ таҳти унвони “Усулҳои фаъол ва татбиқи онҳо дар раванди таълим” баргузор карда шуд.

Дар семинари мазкур дотсенти МДТ ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Шарипов А.Ш., декани факултети технологияҳои инноватсионӣ   ва баҳисобгирии бухгалтерӣ, профессор Хоҷаева Д.А., мудири бахши идоракунӣ ва мониторинги сифати таҳсилот, дотсент Абдуллоева А.Т., сармутахассиси бахши идоракунии сифати таҳсилот, дотсент Каримова Қ.О., раисони шурои илмию методии факултетҳои донишгоҳ ва аъзоёни кафедраи мазкур иштирок доштанд.

Семинарро дотсенти кафедра Қосимова М.И. ифтитоҳ бахшида қайд намуд, ки семинари мазкур барои омӯзгорон ва муҳаққиқон имконият фароҳам меорад, то бо усулҳои фаъоли таълим шинос шуда, онҳоро дар амал татбиқ намоянд. Ҳадафи асосӣ баланд бардоштани сифати таълим тавассути истифодаи технологияи муосир ва равишҳои инноватсионӣ мебошад.

Сипас, дотсенти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Шарипов А.Ш. дар мавзуи “Татбиқи технологияи инноватсионӣ ва беҳдошти сифати таълим” , оид ба роҳҳои ҷорӣ намудани технологияи нав дар раванди таълим ва баланд бардоштани сифати он бо истифода аз усулҳои инноватсионӣ, ассистент Атаева Ф.С. дар мавзуи “Истифодаи платформаҳои муосир барои ташкил ва гузаронидани машғулиятҳои таълимӣ” оид ба платформаҳои таълимии муосир, истифодаи онҳо дар ташкил ва пешбурди машғулиятҳои дарсӣ, имкониятҳои таҳлили таълим ва ҳамкорӣ бо донишҷӯён, дотсент Қосимова М.И. дар мавзуи “Санҷиши дониши донишҷӯён бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ», оид ба роҳҳои санҷиши дониши донишҷӯён тавассути технологияҳои рақамӣ, платформаҳои имтиҳонсупорӣ ва системаҳои автоматии баҳодиҳӣ маърузаҳои пурмуҳтаво  намуданд.

Дар идомаи семинар, декани факултет, профессор Хоҷаева Д.А. ва мудири бахши идоракунӣ ва мониторинги сифати таҳсилот, дотсент Абдуллоева А.Т. бобати мавзуъҳои баррасишаванда фикру ақидаи худро иброз намуданд.  Аз ҷумла, мудири бахши мазкур пешниҳод намуданд, ки мавзуъҳои дар семинар матраҳгардида минбаъд  дар ҳамаи факултетҳои донишгоҳ дар алоҳидагӣ бо иштироки омӯзгорон баргузор карда шавад.

Дар интиҳо, аз ҷониби декани факултет ба меҳмонони чорабинӣ Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

 

You might also like