Тақвияти ҳамкориҳои ДДҲБСТ бо муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Ӯзбекистон
13 феврали соли 2025 устодони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо роҳбарии мудири шуъбаи магистратура, н.и.и., дотсент Қурбоналиев А.Ҳ., мудири кафедраи системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт, н.и.и., дотсент Исмоилов Ш. М., сармутахассис- барномасоз Алимов Р. Б. ва барномасози бахши технологияҳои иттилоотӣ ва рушди инноватсионӣ Мансуров Ш. Т. барои иштирок дар таҷрибаомӯзии омӯзишӣ, ба Донишгоҳи миллии тадқиқотии “Донишкадаи муҳандисони обёрӣ ва механизатсияи хоҷагии қишлоқ”, ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафарбар гардиданд.
Ҳадафи асосии таҷрибаомӯзӣ омӯзиш ва табодули таҷрибаи пешқадам бо донишгоҳе мебошад, ки ба ТОП – 1000 муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷаҳон шомил аст. Ин сафари омӯзишӣ барои рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули дониш ва ташаккули робитаҳо байни марказҳои технологияҳои иттилоотӣ ва барномасозӣ мусоидат хоҳад кард.
Иштироки намояндагони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар ин чорабинӣ имкон медиҳад, ки онҳо бо усулҳои муосири таълим ва таҷрибаи беҳтарини соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва барномасозӣ шинос шаванд.
Таҷрибаомӯзии мазкур дар баланд бардоштани сифати таълим, мутобиқсозии равандҳои таълимӣ ва илмӣ бо стандартҳои байналмилалӣ, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва мустаҳкам намудани робитаҳои стратегӣ бо муассисаҳои пешрафтаи ҷаҳон нақши муҳим хоҳад гузошт. Дар натиҷа, дониш ва малакаҳои касбии бадастомада ба беҳтар гардидани сифати таълим ва таҳқиқот дар донишгоҳ мусоидат хоҳанд намуд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа