Иштироки донишҷӯёни ДДҲБСТ дар чорабинии байналмилалии Лагери зимистона – 2025

12 феврали соли 2025 бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд ва дастгирии бевоситаи Раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, 10 нафар донишҷӯёни факултети муштараки ДДҲБСТ-ДДИТ бо роҳбарии муаллими калони кафедраи маркетинг-агробизнес, н.и.и., Солиев Ҳ.А., ба Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои иштирок дар Лагери зимистона сафарбар карда шуданд. Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Ҷумҳурии Ӯзбекистон буда,  таърихи зиёда аз 90 – сола дорад. Ин донишгоҳ бо таълимоти баландсифат, тадқиқотҳои илмӣ ва тарбияи мутахассисони соҳаи иқтисодӣ машҳур аст ва ҳамчун яке аз муассисаҳои таълимӣ-илмии пешрафта дар минтақа мавқеи баланд дорад.

Рӯзи аввал иштирокчиёни Лагери зимистонаро ректори Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Тешабоев Тулқин Закирович пазируфтанд. Дар вохурӣ муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ ва сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ низ иштирок намуданд. Дар қисми дуюми рӯз иштирокчиён дар тренингҳо ширкат варзиданд.

Мақсади асосии баргузории Лагери зимистона дар доираи ҳамкории байнидонишгоҳӣ омода намудани шароити мусоид барои рушди ҳамкориҳои тарафайн, ҳамчунин ворид шудан ба ТОП-1000 донишгоҳҳои ҷаҳон мебошад. Лагери мазкур имконияти шиносоӣ бо донишгоҳ, иштирок дар тренингҳои таълимӣ, омӯзиши таърих ва фаъолияти Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд, инчунин иштирок дар барномаҳои гуногуни илмӣ, маърифатӣ ва фарҳангӣ барои донишҷӯён фароҳам меорад. Лагери зимистона ба донишҷӯён имконият медиҳад, ки на танҳо бо нақшаҳо ва таҷрибаҳои донишгоҳи ҳамкор ошно шаванд, балки бо воситаи семинарҳо, машқҳо ва дигар намуди фаъолият малакаҳои нав ба даст оранд. Дар доираи лагер, донишҷӯён метавонанд бо мутахассисони соҳаҳои иқтисод, маркетинг, агробизнес ва дигар соҳаҳо вохӯрӣ намоянд, ки ин ба рушди касбии онҳо мусоидат мекунад. Инчунин, шиносоӣ бо таърихи донишгоҳ, муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон имконият медиҳад, ки донишҷӯён бо фарҳанг ва анъанаҳои ду давлат ошно шаванд ва ҳамкории минбаъдаро таҳким намоянд. Бо назардошти мақсади асосии лагер, ки ворид шудан ба ТОП-1000 донишгоҳҳои ҷаҳон мебошад, ин ташаббус на танҳо барои донишҷӯён, балки барои ҳарду донишгоҳ иқдоми нек аст. Ҳамкории ҳарду донишгоҳ метавонад ба рушди таълим, илм ва фарҳанги кишварҳо мусоидат намояд ва имконияти байналмилалӣ шудани донишгоҳҳоро фароҳам оварад. Ҳамин тавр, Лагери зимистона на танҳо фаъолияти таълимӣ, балки қадами муҳим ба сӯи ҳамкории минбаъдаи донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мебошад.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

You might also like