Изҳороти кафедраи забони тоҷикӣ нисбати фаъолияти пасипардагии ҳизби аҳриманӣ

Пӯшида нест, ки ҳар амале аз тарафи инсон содир мегардад, ҳамеша парда аз рӯи он бардошта мешавад. Барҳақ халқ мегӯяд, ки  “офтобро бо доман пӯшида намешавад”, албатта ҳақ асту рост. Ташкилоти экстремистиву террористии Ҳизби наҳзати ислом ва саркардагони он чунин гумон доштанд, ки амалашон паси парда мемонаду халқро чи тавре ки фиреб медиҳанд, ошкор намешавад. Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш бо ҳар роҳ мехоҳанд имрӯз боз ба ҳамон боварии халқ даромада, амалҳои нопокона ва ноҷавонмардонаашонро идома диҳанд.

Барои ба мақсад расидан ин ташкилотҳои экстремистӣ ба имону эътиқоди динии ҷавонон таъсир расонида, ҷавонони тамоми дунёро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост. Маҳз бо ҳамин роҳ мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. Қурбони асосии терроризм асосан ҷавонон мебошанд. Маҳз, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омили шахсони ифротгар ва гуруҳҳои терроризмро биёмўзанд ва барои дафъи он кўшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад.

Бисёре аз ҷавонон ва шаҳрвандон маъно ва ҳадафҳои асосии гурӯҳҳои ифротгароиро намедонанд. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.  Тамоми сайёра пас аз баромади филми “Бозгашт аз ҷаҳаннам” ва далелҳои овардаи мулло Айёмиддин возеҳу равшан фаҳмид, ки ин ҳизб танҳо барои несту нобуд намудани мардуми тоҷик ва эҷоди хатар барои дигарон созмон ёфтааст.

Имрӯз мо шаҳрвандони баору номуси Ватан амалҳои террористии ин ҳизби шайтониро сахт маҳкум намуда, иброз менамоем, ки ба ҳар гуна иғвою дасисаҳои беасос бовар надорем.

Аҳли устодони кафедраи забони тоҷикии ДДҲБСТ

You might also like