Изҳороти кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ нисбати акти террористӣ дар ҷашни Қонуни асосӣ

Тавре аз расонаҳои расмӣ маълум гардид, субҳи 6-уми ноябри соли ҷорӣ аз тарафи як гурўҳ мухолифон ба дидбонгоҳи марзии шумораи 4-и «Ишқобод», қисми ҳарбии отряди сарҳадии «Султонобод» ҳамлаи террористона анҷом доданд. Дар натиҷа ду нафар аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳалок шуда ва дар натиҷаи зудду хурд 15 нафар террористон маҳв гардида, боқимонда 5 нафарашон дастгир шуданд.

Аз маълумоти дастгиршудагон онҳо мехостанд аз дидбонгоҳ яроқро гирифта сўи марказ равон шуда, дар шаҳри Душанбе шабохун заданӣ буданд. Лекин аз тарафи кормандони ҳифзи ҳуқуқ ин амал террористӣ пешгирӣ карда шуда, онҳо ба мақсади худ нарасиданд.

Маҳз ба туфайли шуҷоати кормандони мақомотҳои қудартӣ ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон акти террористӣ безарар гардонида шуда, амнияти ҷомеа таъмин карда шуд. Терроризм ва экстремизм аз зумраи амалҳои номатлуби замони муосир ба ҳисоб рафта ба ҳамаи аъзоёни ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад. Мо аҳли устодон ва омузгорон амали террористии хоинони имллатро маҳкум менамоем ва ба оилаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ҷони худро аз даст доданд сабри ҷамил хоҳонем.

Аҳли устодони кафедраи ҳуқуқи

 судӣ ва назорати прокурорӣ ДДҲБСТ

You might also like