Наҳзати лаънатшуда

Ин калимаро барои чӣ овардам?  Барои он ки халқи дурандеши мо пеш аз баёни фикру ақида доир ба шахсоне, ки хиёнат менамоянд ҳаматарафа таҳлил менамоянд, мумкин хато карда бошад ё худ касе гумроҳ карда бошаду ба роҳи хиёнат гузоштааст.

Бояд қайд кунем, ки наҳзатиҳо чандин ҳазор ҷавононро бо фиребу найранг ба аъзогии ҳизбашон гузаронида мехостанд давлати исломиро дар Тоҷикистон созанд. Лек  халқи тоҷик рафтору кирдори онҳоро дида аз онҳо канораҷўӣ намуд. Кабирӣ ва гурўҳи онҳо дар давлатҳои хориҷа паноҳ ёфта чандин нафар ҷавононро гумроҳ намуда, паси худ мехоҳанд баранд. Бо ин кор онҳоро аз падару модар ва фарзандонашон ҷудо намуда, ба корҳои террористӣ даъват менамоянд.

Мардуми тоҷик аллакай фаҳмидааст ва якҷоя бо мақомотҳои қудратӣ муборизаи беамон мебаранд. Падару модарони фарзандгумкарда дар ҳаққи наҳзатиҳо ва М.Кабирӣ барин шахсон лаънат хонда, дуоҳои бад дар ин ва он дунё равон месозанд. Чунки онҳо фарзандгумкарда, фарзанди онҳо гумроҳ шуда ба роҳи хато рафтаанд. Қобили қайд аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 25-солагии қабули Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон афъи навбатӣ намуданд. Онҳо хатогӣ намуда, ба халқу ватан хиёнат карда бошанд ҳам, Ҷаноби олӣ гуноҳҳои нобахшиданиро бахшиданд. Аз ин рў онҳо бояд ба роҳи рост рафта дар ҳаққи президенти маҳбуби кишварамон дуо карда барои ободониву тинҷии сарзамани худ саҳмгузор бошанд.

Ба хатогиҳои худ иқрор шуда ба падару модари худ содиқона хизмат намоянд. Эҳтироми онҳоро ба ҷо оранд, чунки рўзе онҳо ҳам пир мешаванд ва натиҷаи онро яъне заҳмату хизмати худро мебинанд.Фарзандону наврасон ва ҷавононро ба роҳи рост, хизмат ба Ватани маҳбубамон даъват намоянд. Рисолати муқаддаси инсон будани худро асло фаромуш насозанд.

Азимов А. – н.и.к., дотсенти кафедраи

маркетинг – агробизнеси ДДҲБСТ

You might also like