Артиши миллӣ – сипари боэътимоди Ватан
22 феврали соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ ва чорабинии адабӣ- фарҳангӣ ташкилу баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур ректори донишгоҳ, муовинони ректори донишгоҳ, сардорони раёсат ва шуъбаву бахшҳо, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо, ҳайати профессорону омўзгорон ва донишҷўёни донишгоҳ иштирок намуданд.
Дар оғоз ректори донишгоҳ Ҳомид Ҳошимзода баромад карда, зикр дошт, боиси сарфарозист, ки ҳамасола яке аз санаҳои муҳим дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол, яъне Рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ, ки яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва сипари боэтимоди Ватан мебошад, дар кишвар бо шукуҳи шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Рӯзи Артиши миллӣ дар ҳоле таҷлил карда мешавад, ки сокинони мамлакат зери рӯҳбаландӣ ва таассуротҳои бузурги Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҷиҳати амалӣ намудани нишондодҳо ва ҳадафҳои асосии он ҷаҳду талош намуда истодаанд.
23-юми феврали соли 1993 аввалин паради ҳарбӣ баргузор гардид ва рӯзи 23-юми феврал – Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд, ки мо имрӯз 32-юмин солгарди онро таҷлил намуда истодаем.
Ректори донишгоҳ Ҳошимзода Ҳ.Ҳ. таъкид намуд, ки дар муддати кӯтоҳи таърихӣ бо талошҳои пайгиронаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳ ба нерӯи қудратманди низомӣ табдил ёфт. Мо бояд меҳру муҳаббат ва тамоми ҳастии худро ба он равона кунем, ки мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳис намояд, ки Артиши қобили муҳофизати марзу буми кишвар ва истиқлолият доранд ва онҳо метавонанд таҳти муҳофизати ин Артиш меҳнату ҳаёти осоишта намоянд.
Дар қисмати дуюми маҷлиси тантанавӣ кормандону устодоне, ки баҳри ҳифзи Ватан – Модар дар сафи Артиши миллӣ хизмат намудаанд, бо Ифтихорнома ва тўҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳ тақдим карда шуданд.
Барномаи рангини фарҳангиву фароғатӣ, ки муҳтавояш ватандӯстӣ ва хизмат ба он буд, ба чорабинии тантанавӣ ҳусни анҷом бахшид.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа