ДДҲБСТ: Баргузории ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва намоиш – фурӯши маҳсулоти ватанӣ
20 – уми феврали соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо ташаббуси раёсати донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд, ташкилоту муассисаҳои молиявӣ, корхонаҳои истеҳсолию тиҷоратӣ ва ширкатҳои мобилӣ ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва намоиш- фурӯши маҳсулоти истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ доир гардид.
Ярмарка бо мақсади рушди касбияти донишҷӯён ва бо ҷойи корӣ таъмин намудани хатмкунандагон, бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардид.
Дар оғоз, меҳмонон аз гӯшаҳои намоишгузоштаи ташкилотҳои бонкии ҶДММ ТАҚХ «Матин», ҶСП Бонки «Арванд», БДА ҶТ «Амонатбонк», ҶСК «Бонки Эсхата», ҶСП ТАҚХ «Имон Интернешнл”, ҶСП «Ҳумо», Бонки байналмилалии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Коммерсбонки Тоҷикистон, ҶСК “Алиф Бонк”, ҶСК «Тавҳидбонк», ҶСП «Спитаменбонк» ва пешниҳоди намоишу фурўши ҳунарҳои мардумиву маҳсулоти истеҳсолии корхонаҳои ватании ҶДММ “Файзи Расул”, ҶДММ «Кабири Хуҷанд», ҶСК “Зуҳал”, ҶДММ “Химус”, ҶДММ “Пешсаф-1”, ҶДММ “Чўҷаи Байзо”, ҶДММ “Фаровон-1”, ҶДММ “Назар”, ҶДММ «Шаҳди Хуҷанд», ҶДММ «Муҳанно», ”, ҶДММ “ Фархунда”, ҶСП ”Сармои Суғдиён”, ҶДММ «Озода Косметикс», ҶДММ ” Светлана”, ҶДММ “Афзали Суғд” дидан карданд.
Нахуст, чорабинии мазкурро сардори шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа, дотсент Каримов А.А. ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳамагонро аз номи роҳбарият ва ҷомеаи меҳнатӣ хайрамақдам гуфта, суханро ба ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ Ҳомид Ҳошимзода дод. Муҳтарам Ҳомид Ҳошимзода меҳмононро ба ярмаркаи мазкур шодбош намуда, иброз кард, ки ҳамасола аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҷавонон дар мадди аввал истода, яке аз ҳадафҳои меҳварии давлату Ҳукумати мамлакат бо ҷойи корӣ таъмин намудани аҳолӣ ва ба шуғл фаро гирифтани хатмкунандагон мебошад. Ҳамасола, бо ташаббуси донишгоҳ, бо мақсади рушди касбияти донишҷӯён ва бо ҷойи корӣ таъмин намудани хатмкунандагон, дар ҳамкорӣ бо раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд, ташкилоту муассисаҳои молиявӣ, корхонаҳои истеҳсолию тиҷоратӣ ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ баргузор карда мешавад. Боиси ифтихори мост, ки соли равон ин чорабинӣ бахшида ба 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ мегардад. Ба шуғл фаро гирифтани ҷавонон, бахусус хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар яке аз масъалаҳои меҳварии Ҳукумати мамлакат маҳсуб ёфта, дар ин самт якчанд барномаҳои давлатӣ қабул ва амалӣ шуда истодаанд. Вобаста ба ин масъалаи муҳиму афзалиятнок, имрӯзҳо дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон корҳои зиёде ба сомон расонида мешаванд, ки ҳадафи асосии онҳо мусоидат ҷиҳати бо кори доимӣ таъмин гардидани хатмкунандагон, паст кардани сатҳи бекорӣ, танзими бозори меҳнат ва ба ин васила таъмини зиндагии шоистаи мардум ба ҳисоб меравад.
Раёсати донишгоҳ бо мақсади боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани раванди таҷрибаомўзӣ ва бо ҷойи кори доимӣ таьмин намудани хатмкунандагон бо 195 адад корхонаю ташкилот шартномаҳои ҳамкорӣ дорад.
Дар ярмарка намояндаи Раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд Алиҷонзода М., муовини мудири Филиали №23 Корхонаи воҳиди давлатии бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар вилояти Суғд Машрафҷонзода Ш., раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Ҷабборӣ М. А., донишҷўи курси 4-ум Абдуназарова Г. баромад намуданд. Роҳбарони мақомоту ташкилотҳои ҳамкор дар баромадҳои худ ташкили ярмаркаи мазкурро барои дарёфти ҷойи кории сокинон, махсусан хатмкунандагон саривақтиву зарурӣ арзёбӣ намуданд.
Аз ҷониби муассисаву ташкилотҳои ватанӣ беш аз 2000 ҷойҳои кории холӣ пешниҳод гардида, садҳо нафар хатмкунандагон ва донишҷўёни донишгоҳҳои ҳудуди вилояти Суғд бо шуғл фаро гирифта шуданд, музди маоши онҳо аз 1500 то 5000 сомонӣ пешниҳод гардид.
Бояд муътакид шуд, ки ин чорабинӣ чанд ҳадаф дорад:
-ҳадафи аввал, барои ҷавонони боистеъдоди мо як қадами муҳими шиносоӣ бо бозори меҳнат ва имкони пайдо кардани ҷойи кори муносиб мебошад;
– ҳадафи дигари он ташаккули ҳамкорӣ байни донишгоҳ ва бахши истеҳсолот барои рушди иқтисоди миллӣ мебошад;
-ҳадафи саввум, корхонаҳои ватанӣ маҳсулоти худро муаррифӣ намуда, шабакаи муштариён ва ҳамкорони худро васеъ мекунанд;
– ҳадафи чорум, донишгоҳ ҳамкориҳои стратегии худро бо бахши истеҳсолот тақвият дода, имкониятҳои нави ҳамкории илмӣ-амалиро фароҳам меорад.
Дар интиҳо, барои ҳамкорӣ ва иштироки фаъолона дар чорабинии мазкур роҳбарон ва намояндагони мақомот, ташкилоту идораҳо ва муассисаҳои бонкӣ бо Сипосномаҳои раёсати донишгоҳ қадршиносӣ гардиданд.
Бояд зикр намуд, ки тўли чанд сол баргузории чунин ярмарка дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромада, ҳамасола бо ҷалби васеи корхонаву ташкилотҳои ҳамкор доир карда мешавад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа