Рафтори наҳзатиён фош гардид
Сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси ба изтироб омадани роҳбарони ҳизби наҳзат ва ҳаммаслакони онҳо гардид.
Онҳо аз он сабаб ба изтироб омадан, ки дар рафти мулоқотҳо бо роҳбарони давлатҳои Аврупо сирру асрор ва хиёнаткориҳои наҳзатиҳо фош гардид. Тавре маълум аст дар саммити САҲА , ки дар Варшава баргузор гардид Кабирӣ ва дигар рафиқони ӯ баромад карда аз давлатҳои Аврупо хоҳиш намуданд, ки ба Тоҷикистон нобоварӣ изҳор намуда аз ҳамкорӣ намудан даст кашанд. Бо чунин даъвоҳо онҳо афкори давлатҳои Аврупоро дигаргун карда наметавонанд. Зеро давлатҳои Аврупо давлати моро бо номи сарвару сиёсатмадори барҷаста Эмомалӣ Раҳмон хуб мешиносанд ва бо Тоҷикистон ҳамкорӣ менамоянд. Ҳоло дар сохтмони НОБ-и Роғун мутахассисони давлатҳои Италия, Германия ва дигарҳо фаъолият карда истодаанд. Ба ғайр аз робитаҳои тиҷорати байни давлатҳои Аврупо ва Тоҷикистон хело хуб ба роҳ монда шудааст.
Бинобар ин сафари Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давлатҳои Аврупо ба нақшаҳои хиёнаткоронаи ҳизби наҳзат ва Паймони миллӣ зарба зада онро фош намуд. Сафари бобарор барои миллату давлати мо гардид.
Одинаев А. – н.и.т., дотсенти
кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ