Маълумотнома аз раванди ифтитоҳи ҳафтаи кафедраҳои забони тоҷикӣ ва забони русӣ

Тибқи нақшаи баргузории ҳафтаҳои фаннӣ дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон санаи 17 феврали соли равон ҳафтаи кафедраҳои забони тоҷикӣ ва забони русӣ таҳти унвони «Забон волотарин неъмат ва ганҷинаи тамаддуни башарӣ» ва «Народа каждого язык  прекрасен и велик!» ба муносибати истиқболи Рӯзи байналмилалии забони модарӣ оғоз ёфт. Дар чорабинии  ифтитоҳии ҳафта ҳайати раёсати факултет, олимону устодон, мудирони кафедраҳои факултети молия ва андоз, кафедраҳои забони русӣ ва тоҷикӣ, донишҷуён иштирок намуданд. Аз номи раёсати донишгоҳ муовини ректор оид ба корҳои таълим, дотсент Муминзода Ш.А. ва сардори раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ, дотсент Асророва М.А. суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати оғози чорабиниҳои ҳафта таҳният гуфтанд. Ҳамчунин доир ба нақша ва муҳтавои баргузории силсилачорабиниҳои ҳафтаи кафедраҳо мудирони кафедраҳои зикршуда, дотсентон Негматова М.М. ва. Рустамов Ш.Р., мудири бахши забономӯзии донишгоҳ Ачилова Д. суханронӣ намуданд. Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби донишҷуён дар хусуси забону забондонӣ, ҳифзу гиромидошти забони  давлатӣ, ҳамчун мероси гаронбаҳои миллӣ, забони русӣ ҳамчун забони байналмилалӣ, омӯзиши забон порчаҳои шеърӣ ва гуфтори ҷолиб қироат гардиданд. Дар долони факултет ҳамчунин намунаҳои дастовардҳо ва таълифоти илмию таълимӣ ва методии олимони ҳарду кафедра ба маърази намоиш гузошта шуданд.

Ёдовар мешавем, ки силсилачорабиниҳои ҳафтаи кафедраҳо то санаи 22 феврал идома мепазирад.

 

                                                                                                                      Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like