Канораҷӯи аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ
Ташкилоти экстремистиву террористии Паймони миллии Тоҷикистон, ки моҳи сентябри соли 2018 дар хориҷ, аз Анҷумани озодандешони тоҷик, Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, Ассосиатсияи муҳоҷирини Осиёи Марказӣ ва Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ташкил ёфтааст. Раҳбарони се созмони дигар низ аз Тоҷикистон берун шуда, дар хориҷа ҳастанд. Ҳадаф аз ташкили эътилоф гуё сарҷамъии нерӯҳои мухолифин, риояи ҳуқуқи башар, рушди демократия ва интихоботҳои озоду шаффоф гуфта шудааст.
Бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2019 аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф намудани ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон», манъ намудани фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бастани сомонаҳои интернетии ин ташкилот ва манъ кардани воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо ва адабиёту варақаҳои он ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ карда шудааст.
Мақомоти Тоҷикистон то кунун тақрибан бист созмону ҷунбиш, аз ҷумла “Ҳизби Таҳрир”, “Ал-Қоида”, “Ҳаракати исломии Узбекистон”, “Толибон”, “Ҷамоаи Таблиғ”, “Тоҷикистони Озод”, “Салафия”, “Гуруҳи 24”, “Давлати исломӣ”, “Ҷабҳат-ут-нусра” ва “Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон”-ро ба ҳайси созмонҳои террористиву ифротӣ шинохтаанд. Даҳҳо нафар бо ҷурми пайравӣ ва тарафдорӣ аз ин созмонҳо боздошту зиндонӣ шудаанд.
Имрузҳо баъд аз ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ ва ба имзо расидани Созишномаи умуми истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, кишвари моро дар хориҷи мамлакат бисёр давлатҳо расман мешиносанд ва муносибаҳои дӯстию бародариро ба роҳ мондааст. Имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ мебошад, ки тамоми ин кӯшишу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки барои гул гул шукуфи кишвари азизамон мебошад.
Ҳамин тариқ, бояд тазаккур дод, ки имрӯз ҳар яки мо новобаста аз нигоҳҳои сиёсӣ, этиқод ба ин ё он дин, инкишофи ҳамаҷонибаи Тоҷикистонро, ки дар натиҷа сатҳи зиндагии мардум ба маротиб беҳтар хоҳад шуд, вазифаи муқаддаси худ донем, нагузорем, ки воқеаҳои солҳои аввали ба даст даровардани истиқлолияти давлатӣ такрор ёбанд.
Аз ин лиҳоз, мо, мардуми кишвар аз ҳамин гуна ашхос ва гурӯҳҳои ғаразноку манфиатҷӯ ТЭТ ҲНИ ва Паймони миллӣ худро канор гирифта, аз онҳо даъват ба амал меорем, ки барои манфиати худ шуда давлат ва миллати худро ба сӯи нотинҷиву нооромӣ ҳидоят накунанд.
Обидова М.Р. – ассистенти кафедраи
андоз ва андозбандии ДДҲБСТ