Парчами миллӣ ҳамчун нишонаи Истиқлолият ва ташаккули давлатдории Тоҷикистон

Парчами миллӣ яке аз муқаддасот аст, ки  симои миллии давлатро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад. Пос доштан ва ҳимоя кардани Парчами миллӣ ин  эҳтиром ба Ватан, хонаводаву фарзандони худ, таъриху суннатҳои халқу кишвари худ мебошад.

Ба муносибати Рӯзи Парчами миллӣ, ки ҳамасола санаи 24-уми ноябр қайд карда мешавад дар факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид.

Муовини декан оид ба корҳои илм Юсуф Нурмаҳмадов ҳамоишро ифтитоҳ намуда, иброз кард ки Парчам бо сифати рамзи давлату миллат  аз рўзгорони қадим мавҷуд буд ва аз ҳастии давлату миллат гувоҳӣ медод. Эҳтирому арҷ гузоштан ба ин рукни муҳими давлатӣ вазифаи ҳар шаҳрванд мебошад.

Дар идома устодону донишҷӯёни факултети мазкур дар мавзӯҳои “Фаъолияти сиёсиву ҷамъиятии Эмомалӣ Раҳмон дар меҳвари рушди Тоҷикистон”, “Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- ҳамчун Иҷлосияи наҷотбахш”, “Нақши Пешвои миллат дар ҳалли масъалаҳои глобалии замони муосир” ва “Аз таърихи Парчами Тоҷикистон” маърӯзаҳо шунида шуд.

Ҳамчунин, ба истиқболи Рӯзи Парчами миллӣ дар кафедраи ҳуқуқи гражданӣ ва меҳнатӣ, кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносӣ семинари илмӣ-назариявӣ доир гардид. Семинар  “Парчами миллӣ ҳамчун нишонаи Истиқлолият ва ташаккули давлатдории Тоҷикистон” унвон дошта, бо сухани декани факултет Шероз Тоҷибоев ифтитоҳ гардид. Дар идома маърӯзаи устоди факултети мазкур Санавваров Ғ. дар мавзӯи “Парчами миллӣ таҷассумгари волоияти арзишҳои иҷтимоии Тоҷикистон” шанида шуд.

Қайд гардид, ки имрўз Парчами давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои олам парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти давлати тозаистиқлоле бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мужда медиҳад.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like