РАҚАМИКУНОНИИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ татбиқи технологияҳои рақамӣ ба сифати яке аз омилҳои калидии рушди иқтисодӣ ҷаҳонӣ баромад менамояд. Чунки истифода ва ҷоринамоии технологияҳои рақамӣ ба баландбардории рақобатнокии соҳаҳои мухталифи иқтисод, фароҳамсозии имконоти нави пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ дар заминаи пайвастшавӣ ба занҷираҳои байналмилалии ташаккули арзиш, ташкили бозорҳои нав, ҳамчунин воридсозии молу хизматрасониҳои нави рақамӣ ба бозорҳо мусоидат менамояд.

Лозим ба ёдоварист, ки раванди рақамикунонии соҳаҳои мухтилифи иқтисод дар мамлакатҳои мутараққӣ гуногун буда, аз сиёсат, меъёрҳои ҳуқуқӣ, анъана, фарҳанг, сатҳи рушди иқтисод, маориф, заминаи технологӣ  ва омилҳои муҳими дигар вобастагии зич дорад.

Дар шароити муосир, рақамикунонӣ ба ташаккули тағйироти зиёди сохтории сифати дар иқтисоди миллӣ мусоидат намуда, коркардҳои зиёдеро ба монанди  тафаккури сунъӣ, технологияҳои абрӣ, блокчейн, алоқаи беноқил, роботикунонӣ, 3D-чоп, интернети фаррохмавҷ, хизматрасониҳои рақамӣ ва амсоли онҳоро фарогир аст.

Боиси қайд аст, ки дар ҷумҳурии мо, бевосита бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ – Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии рушди кишвар ба масъалаи рақамикунонии иқтисод ва таҳвили рақамии соҳаҳои алоҳида диққати аввалиндараҷа дода шуда, ҷорисозии ҳамаҷонибаи технологияҳои рақамӣ заминаи асосии таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва рақобатнокии байналмилалии кишвар арзёбӣ гардидааст.

Дар ин самт, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28 декабри соли 2024 зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари дигар масъалаҳои мубрами иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ба масъалаи татбиқи технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ миллӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда,

солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон доштанд.

Дарвоқеъ, дар қатори дигар масъалаҳои мубрами рушди иқтисоди миллӣ афзалиятнок эълон намудани рақамикунонии иқтисод саривақтӣ арзёбӣ мегардад, зеро рақамикунонии соҳаҳои мухталифи иқтисод ба ниҳодҳои давлатӣ, субъектҳои соҳибкорӣ ва аҳолӣ имкон фароҳам месозад, ки ба давраи нави дигаргунсозиҳои ҷаҳонӣ ворид гарданд, ба рушди он ҳиссагузор бошанд ва фаъолияти пурсамар дошта бошанд .

Лозим ба қайд аст, ки Пешвои муаззами миллат дар паёми имсолаи худ ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ, аз ҷумла маориф, молияву андоз, хизматрасониҳои бонкӣ ва ғайраҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дастуру супоришҳои мушаххасро ба масъулин пешниҳод намуданд.

Пешвои муаззами миллат дар самти рақамикунонӣ ба таври алоҳида иброз доштан, ки “дар панҷсолаи минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд ба самтҳои зерин диққати аввалиндараҷа дода шавад:

Якум, такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ.

Дуюм, то шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот.

Сеюм, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ.

Чорум, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ.

Панҷум, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ.

Шашум, андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот.

Ҳафтум, ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ

 

Ҳамин тавр, дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар ин самт моро ҳамчун масъулини муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, дар қатори дигар вазорату идораҳои дахлдор водор месозанд, ки бо масъулияти хос дар самти омодасозии кадрҳои баландихтисоси босалоҳият дар ҷодаи рақамикунонии соҳаҳо саҳмгузор бошем.

Исмоилов Шуҳратҷон Мамарасулович,

Лутфулоев Мазбутджон Дадожонович,

дотсентони  ДДҲБСТ

You might also like