Хоинии наҳзат бори дигар исбот гардид
Ба ҳамаи мо маълум аст, ки санаи 6 ноябри соли 2019 соати 03:23 дақиқа гурӯҳи мусалаҳи номаълум, бо истифода аз силоҳи оташфишон ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и “Ишқобод”-и қисми ҳарбии отряди “Султонобод” ҳуҷум карданд. Шукронаи фаъолияти самараноки мақомоти салоҳиятноки Тоҷикистон, ки ҳамлаи гуруҳи номардон ва сиёҳкорони 20-нафара ба дидбонгоҳи марзии “Ишқобод” дар марз бо Узбекистон, 15 нафарашон безарар гардонда шуд, ки ин ҳодисаи мудҳиш аз бехонумон будани террористони беватан дарак медиҳад.
Илова менамоем, ки ин амали нобакоронаи хоинони миллат мақсади ягона – тезутунд намудани авзои ороми Тоҷикистони соҳибистиқлол буд, аммо бо як овоз мегўем, ки онҳо ягон вақт ба мақсади нопоки худ нарасидданд ва нахоҳанд расид.
Ҳамагон медонанд, ки иштирокчиёни ин ҳамла – аъзоёни Ҳизби наҳзати исломӣ зери ниқоби “ДОИШ” амал намуданд. Роҳбарият ва намояндагони ТЭТ ҲНИ ҳамеша лоф мезананд, ки мақсаду маромашон озодӣ ва демократия овардан аст. Аммо ҳеҷ намефаҳмам, ки ин «ҷанобон» кадом озодию демократияро дар назар дошта бошанд. Шояд озодию демократияи «инсонкӯш», ки имрӯз бар сари мардуми Сурияю Ироқ ва Украина хориҷиён таҳмил кардаанд? Ё ин ки озодӣ барои худ. Яъне озодона амалӣ намудани мақсаду ҳадафҳои худ ва хоҷагонашон. Ҳамаи ин омилҳо ва амалу ҳаракатҳои намояндагони Ҳизби наҳзати исломӣ гувоҳи он аст, ки дар калом дигар мегӯянду аҳдофашон дигар. Вале инро бояд қайд кард, ки мардуми Тоҷикистон дар ватани худ озодона зиндагӣ мекунанд ва хуб мефаҳманд, ки меъёрҳои демократия низ дар кишвар эҳтиром ва риоя мегарданд. Бо пешрафти илму технологияи муосир мардум хуб огаҳанд, ки ин арзишҳо яъне «озодӣ» ва «демократия» феълан ҳамчун васила барои амалисозии нақшаҳои гурӯҳҳо ба мисоли Ҳизби наҳзати исломӣ истифода мегарданд.
Вазъияти имрӯзаи боз ҳам Сурия ва Ироқ баёнгари он аст, ки чунин озодихоҳон ва демократияпарастон танҳо дар калом аз ин арзишҳо ҳимоят мекунанд. Агар Ҳизби наҳзати исломӣ дар ҳақиқат аз озодӣ ва демократия ҳарф зананд, пас амалҳои хоинонаи намояндагони онҳо дар симои Ҳоҷи Ҳалим Назарзода мантиқан дигарро мегӯяд. Ё на?
Барои ҳамин бо як овоз мо ин амали мудҳишро маҳкум намуда, орзуи онро дорем, ки нисбати дастгиршудагони ин гуруҳи душманони халқи тоҷик ҷазои сазовор андешида хоҳад шуд.
Ёров М. – устоди ДДҲБСТ