Роҳҳои пешгирии иттилооти ғайриэкологӣ
Зикр кардан бамаврид аст, ки дар Тоҷикистон як қатор институтҳое зуҳур карданд, ки фаъолияти воситаҳои ахбори оммаро назорат ва танзим менамоянд. Вале ҳар яки онҳо танҳо ба як ҷиҳати фаъолияти ВАО, яъне ба масъалаи экология ва ҷиҳати ахлоқии ахбор, дигар, ба фаъолияти ҳуқуқӣ, ба фаъолияти пулию молӣ ва ғайра масъуланд. Боиси таассуф аст, ки ҳоло сифати фаъолияти институтҳои мазкур баҳспазир аст. Ин дар фаъолияти воситачҳои ахбори оммаи электронӣ бараъло намудор аст.
Мафҳуми ахбори экологӣ ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири меъёри талабот нисбати фаъолияти матбуот, барномаҳои радио ва телевизион баромад мекунад. Масалан, дар Русия талабот ва меъёрҳои зерин нисбати ахбори аз ҷиҳати экологӣ тозаи васоити ахбори оммавӣ муайян шудааст[1]. Якум талабе, ки бояд ахбори экологӣ фаро гирад, ин мавҷудияти «бозори ахбор» мебошад. Ахбор бояд бо назардошти гурўҳҳои гуногуни аҳолӣ, хусусиятҳои регионалӣ ва маданӣ пешкаш гардад. Теъдоди зиёди барномаҳои телевизион ва радио рақобатро ба миён меоварад, ки ба сифати мундариҷаи он, ба мўътамадӣ, боварибахш ва ба маврид будани он таъсири мусбӣ дорад.
Талаботи сонӣ озодии афкор аст.Чӣ қадаре, ки бозори ахбор рушд ёбад, ҳамон қадар ба озодии баён шароит фароҳам меорад (агар вай ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба матбуот ва дигар васоити ахбори оммавӣ» муҳолифат накунад). Дар баробари он, ки саҳифаҳои худро барои ифодаи озодии баён пешкаш менамояд, ВАО бояд, инчунин, ба тарафи муқобил барои баёни ақидаи хеш имконият фароҳам орад.
Дар назари мо рафтору амали боадабона дар ахбори аз ҷиҳати экологӣ тоза хеле муҳим аст, яъне ахбори моҳияти умумиҷамъиятӣ дошта бояд барои бинанда ва шунаванда дар вақти мувофиқ бо назардошти ақидаҳои гуногун паҳну пахш карда шавад.
Меъёри дигар мизони иттилоотист, яъне манфиати ин ё он гурўҳи сиёсиро дифоъ накардан. Чӣ тавре ки зикр гардид, ҳифзи манфиати гурўҳи муайян, фишор овардан дар аксар маврид бар зидди манфиати ҷомеа қарор мегирад.
Масъулияти касбӣ меъёр ва талаботи муҳим буда, аҳамияти ҷиддӣ зоҳир кардан ҳам ба худназоратӣ, ҳам ба масъулиятшиносиву дақиқкории журналист ва ҳам ба ҷиҳати ахлоқии ахбор ва амсоли инро тақозо менамояд.
Экологияи электронӣ. Ахбори пешниҳодшуда бояд моҳиятан ба дараҷаи маданият ва маърифати бинанда ва шунаванда мутобиқ бошад.
Меъёри баъдӣ нигоҳ доштани якпорчагӣ мебошад. Ҳифзи якпорчагии асарҳои санъат, барномаҳоро таъмин намуда, онҳоро бо реклама халалдор нанамудан. Хусусияти реклама ҳамин аст, ки бо мақсади мутаваҷҷеҳ сохтани бинанда якбора дар миёни барнома рў мезанад ва то ҷое одамро асабонӣ месозад. Реклама метавонад барномаи футбол ва ҳатто филми бадеиро боздорад. Дар ин маврид талаботи тамошобинро ҳеҷ кас ба эътибор намегирад. Ҳиссиёте, ки ҳини тамошои филм ва ё барнома ҳосил мешавад, канда мешавад, вайрон карда мешавад, халалдор мегардад. Классика бо рекламаи собун ва ё резина дар як сатҳ қарор мегирад.
Кафолати адолат. Воситаҳои коммуникативии радио ва телевизион бояд фикру дархости Шўрои ҷамъиятии ВАО-ро ба эътибор гирад, ба обрў ва эътибори Шўро тобеъ бошад, ки он ҳамчун кафили оромӣ ва адолати паҳну пахши иттилоотӣ баромад мекунад.
Принсипи ҳамкорӣ. ВАО фаъолияти хешро тибқи принсипҳои «Декларатсия оид ба ВАО ва ҳуқуқи инсон» қарор диҳанд[2].
Бозори озоди иттилотӣ ва танзими давлатӣ, назорати ҷамъиятӣ ҷузъи таркибии матбуоти сифатан ба талабот ҷавобгў ва ахбори экологӣ мебошад. Вале танҳо мавҷудияти механизми номбаршуда кофӣ нест. Ҷузъи чудонопазири этикаи журналистӣ ва адолати иҷтимоии ВАО маҳсуб меёбад. Профессори университети Париж Клод Жан Бертран таснифи системаи масъулияти ВАО-ро, ки ба ду принсип асос меёфт, пешниҳод намуд.
Ба принсипи аввал кодекси этикӣ, дастурҳое, ки ба ходимон принсипҳои рафтори этикиро мефаҳмонад, сандукҳо барои шикоят, «мактуб ба муҳаррир» ва дигар воситаҳои дастрас, чопи факту рақам ва қоиди аз тарафи ВАО-и рўзмарра ва дурўғ баён шуда дар ВАО-и дигар, гузориши журналистӣ, ки ба танқиди ВАО ва баррасии фактҳои дурўғ, ки дар ВАО роҳ ёфтаанд, равона карда мешавад, ба омма расонидани қарорҳои ҳокимияти давлатӣ нисбати ВАО ва ғайра дохил мешаванд.
Ҷузъи дигари таркибии системаи назоратӣ, ба ақидаи Клод Жан Бертран, тайёрии касбии журналист ва тадриҷан баланд бардоштани малакаи касбии онҳо, вохўрии пай дар пайи ходимони ВАО бо шаҳрвандон, назорати рафтори аҳлоқӣ ва касбии воситаҳои коммуникативӣ мебошад.
Принсипи дуюм ба он асос меёбад, ки кадом мақомот, кадом муассиса дар системаи назоратӣ шомил аст:
– назорати дохилии ВАО;
– назорати беруна, ки ба ВАО тобеъ нест.
Ба фикри мо бояд дар раванди назорат ба акси садо диққати махсус дод. Аз як тараф, ахбор то хонанда рафта расад ва аз дигар тараф, бояд ў оиди проблема фикри хешро баён созад. Дар ин маврид, махсусан, акси садои «манфӣ», яъне ахбор дар бораи хатогиҳо, дағалиҳо, камбудиҳо аҳамияти муҳим дорад, зеро он шаҳодат медиҳад, ки хонанда ахбори паҳну пахшкардаро ғайриэкологӣ меҳисобад. Ба ҳар ҳол назорат аз болои ВАО набояд мақсади ниҳоӣ бошад. Бояд, пеш аз ҳама, шароит офарид, ки ВАО ба муштариён ахбори аз ҷиҳати экологӣ тоза пешниҳод намояд, барномаҳои сифатан бадеӣ ва ахлоқан баландмазмунро тавлид созад.
Дар ҳар як ҷомеа дар мавриди паҳну пахши иттилоъ муаммои ба ҳақиқат мутобиқат накардани он ба чашм мерасад, ки он аз бемасъулиятӣ ба фаъолияти касбу вазифаи ҳуд, муносибати саҳлангорона ва ҳунукназарона доштани журналистон шаҳодат медиҳад. Дар ҳолати аввал, журналист мавзўъро хуб намедонад ва ба хотири сенсатсия мавод бидуни таҳқиқи чуқур пешниҳод мегардад. Дар дигар маврид мавод ё мақола метавонад мувофиқи «талаб» бошад, ки ба ҳалли ин ё он манфиати сиёсӣ ва ё иқтисодӣ равона шуда бошад.
Хулоса, оиди ахбори экологӣ ва ғайриэкологӣ ҳарф зада, ҳолатҳоеро зикр менамоем, ки ба назари мо муҳим аст.
- ахбори экологӣ, пеш аз ҳама, аз тарафи ВАО паҳну пахши ахборест, ки бояд ба суботи ҷомеа, ба оромии муносибатҳо миёни гурўҳҳои гуногуни одамон мусоидат намояд;
- яке аз шартҳои асосии ахбори экологӣ мувофиқати иттилоъ ба меъёрҳои этикии ҷомеа маҳсуб меёбад;
- масъулияти иҷтимоии ВАО, танзими ниҳодҳои коммуникатсияи оммавӣ ва Шўроҳои ҷамъиятӣ, ки фаъолияти ВАО-ро назорат мебаранд, шарти зарурӣ баҳри тавлиди ахбори экологӣ мебошад
[1]ниг.: Комаровский В.С. Государственная служба и СМИ. Воронеж. 2003, с.159-160
[2] Ниг.: Резолюцию Консультативной ассамблеи Совета Европы № 428, 1970.
Якубов Ҷумъа Калонович