ПАЁМИ НАВБАТӢ – РОҲНАМОИ МИЛЛАТ БАРОИ ИМРЎЗУ ФАРДОИ ОБОД!
«Сифати давлат на ба шумораи аҳолӣ, балки ба сифати аҳолӣ вобаста мебошад».
Паёми Асосузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муайянкунандаи самтҳои асосии давлатдории Тоҷикистон мебошад.
Паём равандҳои асосии рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илму маориф, фарҳанг фаро гирифта, дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллӣ, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодӣ таъмин гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум боз ҳам баланд бардошта мешавад.
Дар Паём барои мардуми мамлакат суханони таъсирбахш, «мардуми мо мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин, ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд» баён гашт.
Дар ин нуқта аз ҷониби Роҳбари давлат таъкид гашт, ки ҳадафи олии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардум нақшаҳои бузурги созандагӣ роҳандозӣ шуда истодааст, иброз гардид.
Дар корҳои ободониву бунёдкорӣ тадбирҳои зиёде анҷом дода шуданд. Дар се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзиш, 175 иншооти фарҳангу фароғат ва ҳазорҳо иншооти дигари истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд.
Дар Паём оид ба пешбурди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон вазифагузорӣ карда шуд. Дар партави Паём аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шуд.
Рушди соҳаи сайёҳӣ барои Тоҷикистон самти афзалиятноки сиёсати иқтисодӣ ба шумор меравад. Дар ин самт пешравии мамлакат дар рақам муқоиса гирифта шуда, ишора гирифта шуд, ки шумораи сайёҳоне, ки соли 2024-ум ба Тоҷикистон омадаанд, ба 1 миллиону 400 ҳазор нафар расида, нисбат ба соли 2019-ум 12 фоиз афзудааст.
Баҳри рушди ин соҳа истифодаи имкониятҳои таърихиву табиӣ, кӯҳнавардӣ, фарҳангӣ ва табобативу истироҳатии кишвар, ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба рушди сайёҳии дохилӣ низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад, дастур дода шуд.
Соҳаи маориф дар сиёсати Президенти мамлакат мақоми аввалиндараҷа дорад.
Дар соҳаи маорифи мамлакат ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддат татбиқ шудаистода ба рушду инкишофи таълиму тарбия, амалигардонии ислоҳоти соҳа, дастгирии мактабу омӯзгор, таълифи китобҳои дарсии насли нав ва такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилот мебояд мусоидат намуд.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шудааст.
Ишораи муҳим дар Паём таъкид шуд, ки «ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад». Сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад. Яъне хулосаи муфид бароварда шуд, ки «сифати давлат на ба шумораи аҳолӣ, балки ба сифати аҳолӣ вобаста мебошад».
Дар назди давлату Ҳукумат вазифаи муҳим ҷой дорад. Дар қалби ҷавонон ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба забон, таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, баланд бардоштани нақш ва мавқеи онҳо дар ҷомеа қарор дорад.
Ҷавонон ҳамчун қишри фаъолтарини ҷомеа, неруи боэътимод ва такягоҳи устувор ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол мебошанд ва маҳз онҳо масъулияти фардои кишвари соҳибистиқлоли худро ба дӯш гиранд. Ин масъулият аз ҷониби ҷавонони кишвар пайгирӣ гардида, 61 фоизи шумораи умумии кормандонро дар кишвар ҷавонон ташкил намуда, ин нишондиҳанда дар хизмати давлатӣ 49 фоизро ташкил медиҳад.
Дар партави Паём мо, ҷомеаи Тоҷиистон бояд тамоми саъю талоши худро ба хотири амалӣ намудани ободии Ватанамон, пешрафти давлатамон ва боз ҳам беҳтар гардидани шароити зиндагии мардумамон равона созем. Мисли ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, онро соҳибӣ кунем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, аз тоҷик будани худ ифтихор намоем ва доим дар фикри фарзандони худ, хушбахтиву осоиши онҳо, ободии Ватан, миллат ва давлати хеш бошем.
Шарипова Таҳмина Маликовна
муаллими калони кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ