Тавзеҳот оид ба Паёми Президенти Ҷумурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар

Яке аз хатарҳои ҷаҳони муосир – ин таҳдиди терроризми байналмиллалӣ  мебошад, ки ба он Сарвари давлатамон махсусан таъкид намуданд.

Имрўз ҳамаи мо зери таассуроти амиқи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки санаи 28 декабри соли 2024 ироа гардид қарор дорем.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Тавре маълум аст, ҳадафи асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ – ин таъмини зиндагии арзанда ва шоиста ба ҳар як сокини кишвар мебошад ва барои амалӣ гардонидаи дастуру супоришҳои дар Паём манзур гардида, бояд ҳамаи мо сарҷамъ шуда, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоем.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – санади муҳими худшиносии миллӣ ва раҳнамои зиндагии ҷомеа буда, ин навбат низ таҳлили ҳамаҷонибаи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар ва дурнамои мамлакатамонро дар бар гирифта, ҳамчун дастури фаъолияти ҳар як узви ҷомеа барои солҳои минбаъда маҳсуб меёбад.

Пешвои муаззами миллат дар Паёми хеш баён намуданд, ки соли сипаришудаи 2024 дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт гашта, татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва ҷиҳати расидан ба ҳадафи олӣ, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд.

Тавре маълум гашт, соли 2024 ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти дохилии кишвар ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуд.

Қобили зикр аст, ки дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисодиёти кишвар ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,7 фоиз таъмин гардид.

Ҳамзамон дар Паёми хеш Роҳбари давлат Ҳукумати кишварро вазифадор карданд, ки минбаъд низ ба ҷанбаҳои сифатии рушди иқтисоди миллӣ, тақвияти нерўи инсонӣ, бо истифода аз технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани инноватсия, вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, такмили низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва тавсеаи иқтисодиёти рақамӣ диққати аввалиндараҷа диҳад.

Ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт аз ҷониби Президенти кишвар пешниҳод гардид, ки солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шавад.

Ҳамзамон дар  Паёми имсолаи  Пешвои миллат бори дигар доири ҳуҷҷати муҳими давлатӣ, махсусан чор ҳадафи стратегии  миллии пешниҳодшуда, яъне “Расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ”, “Таъмини амнияти озуқаворӣ” ва “Саноатикунонии кишвар” таҳлил ёфта, сатҳи амалишавии онҳо бо далелу рақамҳои мушахас пешниҳод гардид.

Воқеан ҳам, имрўз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти амалигардонии чаҳор ҳадафи стратегии миллӣ қадамҳои устувор ниҳода, аллакай заминаи воқеии амалишавии ин ҳадафҳо гузошта шудааст.

Дар робита ба ин, Пешвои миллат дар Паёми хеш иброз намуданд, ки аз соли 2027 норосии нерўи барқ дар кишвар бартараф карда хоҳад шуд.

Пешвои муаззами миллат, ҳангоми ироаи Паёми хеш қайд намуданд, ки мо саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул кардем, зеро рушди саноат барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он замина мегузорад.

Тавре Президенти мамлакат иброз намуданд, Ҳукумати Тоҷикистон вазъи иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеаро ҳамеша дар маркази диққати худ қарор дода, вобаста ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар барои беҳтар намудани шароити онҳо пайваста чораҷӯӣ менамояд.

Дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар дастгирии молиявии муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва оилаҳои камбизоат афзалият дорад ва ин бартарият дар солҳои минбаъда низ боқӣ мемонад.

Соли 2024-ум ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ ба 19 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба буҷети соли 2023-юм беш аз 2 миллиард сомонӣ зиёд буда, 43 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Пешвои муаззами миллат супориш доданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2025-

– маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз зиёд карда шавад;

– маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад;

– музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад;

– ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.

Дар баробари ин, аз 1-уми сентябри соли 2025 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ 10 фоиз зиёд, яъне индексатсия карда шавад.

Яке аз хатарҳои ҷаҳони муосир – ин таҳдиди терроризми байналмиллалӣ  мебошад, ки ба он Сарвари давлатамон махсусан таъкид намуданд.

Тавре, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ қайд намуданд, амалҳои даҳшатноки террористие, ки солҳои охир дар гўшаҳои гуногуни олам содир гардида, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодаанд, возеҳ нишон медиҳанд, ки терроризм имрўзҳо ба таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст.

Инсоният дар симои терроризми байналмилалӣ бо душмани бераҳму шафқат ва маккоре рў ба рў омадааст, ки тамоми меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумиинсониро поймол карда, барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ягон ваҳшоният рўй намегардонад.

Созмонҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд.

Аз ин рў, ҳифзи ҷавонон аз чунин гуруҳу равияҳо ва мубориза ба муқобили ин зуҳуроти хатарафзо вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандўсту озодихоҳ мебошад.

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Мақоми Олии намояндагӣ ва қонунгузории кишвар дар давраи омодагӣ ба таҷлили 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, Сарвари давлат ба мардуми кишвар муроҷиат намуда иброз намуданд, ки то ин ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ ҳар як оила ба масъалаи таҷдиду азнавсозӣ, тозаву озода ва ободу зебо гардонидани манзили зист, кўчаву хиёбон ва ҳамаи маҳалҳои аҳолинишин кўшиш намоянд.

Ҳамин тавр, дар Паём вобаста ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ  ва хориҷии мамлакат, масъалаҳои  худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи  истиқлолияти  сиёсӣ, пойдории ваҳдату суботи кишвар  дастурҳои мушаххас пешниҳод шудаанд, ки муҳимият ва эътибори авалиндараҷаро хусусан  аз ҷониби  мо аҳли илм ва маорифи кишвар  талаб менамояд.

 Юсупов Д.С., н.и.и.,

мудири кафедраи кори бонкӣ,

You might also like