ТАБРИКОТИ ректор, доктори илмҳои иқтисодӣ Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан ба муносибати Соли нави мелодӣ
Муҳтарам ҳамкорон, устодон ва донишҷўёни гиромӣ!
Соли 2024 зери таассуроти наҷибу нотакрор. аз тантанаҳои бошукӯҳи ҷашни Истиқлоли давлатӣ ва Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори мардуми сарбаланди вилояти Суғд барои ҷомеаи меҳнатиамон низ соли неку хотирмон ва фаромӯшнашаванда ба ҳисоб меравад. Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ҳалли мушкилоту масъалаҳои иҷтимоӣ, илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, занону ҷавонон, дастгирии табақаҳои ниёзманду осебпазири ҷомеа, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ҳисси баланди миллӣ тарбия кардани наврасону ҷавонон як силсила тадбирҳои мушаххас амалӣ гардонида шуданд. Ин падидаҳои созанда, ки марҳилаи амалишавии нақшаҳои азими созандагӣ, ҳадафҳои стратегӣ, таҳкими сулҳу суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ноил шудан ба зиндагии шоиста аст, барои фаъолияти пурсамари ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳ илҳоми тоза бахшида, бо иҷрои нақшаҳои тарҳрезишуда ба дастоварду муваффақиятҳои беназир ноил гардидем.
Имрӯз дар остонаи соли нави мелодӣ ба нақши мунири соли сипаришуда назар афканда, мебинем, ки он соли хотирмон, бобарор ва пур аз навгониву рӯйдодҳои фараҳбахш буд. Барои дастоварди назаррас дар таълиму тарбияи ҷавонон бо медали “Хизмати шоиста” ва нишони сарисинагии “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадршиносӣ шудани чанде аз устодони донишгоҳ, ба дифоъ расидани зиёда аз 20 рисолаи илмии устодон, ғолибияти донишҷўёнамон дар озмуну олимпиадаҳо ва мусобиқаҳои варзишии сатҳи минтақавию байналмилалӣ, афзудани теъдоди гирандагони стипендияҳои номӣ, ҷорӣ гардидани ихтисосҳои наву замонавӣ, иҷрои нақшаи қабули донишҷўён дар донишгоҳ, дар доираи густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ зиёд шудани теъдоди донишҷўёни хориҷӣ дар донишгоҳ, вусъат бахшидани корҳои созандагиву ободонӣ муваффақияту комёбиҳои беназир, ки дар соли 2024 ба даст омаданд. Дар маҷмуъ соле, ки сипарӣ гашт, бо воқеаҳои фараҳбахш барои аҳли донишгоҳ хотирмон буда, натиҷаи фаъолияти босамари ҳайати устодону профессорон ва саъю кушиши донишҷўён арзёбӣ мегардад.
Итминони комил дорам, ки ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ Соли нави мелодиро бо хушнудию нишот пешвоз гирифта, дар баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода намудани мутахассисони ба талаботи ҷаҳони муосир ҷавобгў, тарбияи насли созанда софдилонаву содиқона заҳмат кашида, ба комёбиҳои беш аз пеш ноил мегарданд.
Бигзор, Соли нави 2025 бо нақшаҳои неку ҳадафҳои созанда ва заҳмати ватандӯстонаву аҳлона ба хотири таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва ободу зебо гардонидани Тоҷикистони биҳиштосо соли пурнусрату пурбаракат ва саршор аз накўтарин воқеоти таърихӣ гардад. Бо изҳори орзуву ниятҳои нек дар Соли нави мелодӣ ба аҳли донишгоҳ саломатии бардавом, иқболи нек, рўзгори осоишта ва ба Тоҷикистони биҳиштосоямон суботу оромӣ, ваҳдати ҷовидона ва пешрафти рӯзафзун орзу менамоям.
Соли нави мелодӣ муборак!