Аз таърихи пайдоиш ва ташаккули аҳзобу созмонҳои экстремистӣ

Ба унвони як падидаи хоси ҷамъиятию сиёсӣ терроризм таърихи худро дорад, ки бе донистани он  сабабҳо ва қувваҳои пешбарандаи терроризми муосирро дарк намудан ғайриимкон аст. Зеро ин падидаи номатлуб собиқаи тулонии таърихӣ дошта ва он на танҳо хоси ислом, балки хоси адён ва фирқаҳои дигари ғайримусулмонӣ низ будааст.

Яке аз аввалин гурўҳи сиёсӣ, ки дар таърих бо анҷоми амалиётҳои террористӣ дар солҳои 73- 66 пеш аз милод ном бурда шудааст, ин гуруҳи яҳудии бо номи зелотҳо (тарафдорони сахт) мебошад. Аммо дар соли шашуми асри аввали мелодӣ бошад фирқаи дигари яҳудӣ бо номи сикориҳо (сикор – ханҷар ва ё шамшери кутоҳ), ки он ҳамчун гуруҳи низомӣ аз зелотҳо ҷудо гардида буд, ҳадафи асосии он бо роҳи анҷоми ҳамлаҳои террористӣ ҷудо ва ташкили давлати мустақили яҳудиҳо аз Рим буд. Онҳо пеш аз ҳама ашрофони римӣ ва ашрофони маҳаллиеро, ки дар Байтулмуқаддас бо римиҳо ҳамкорӣ доштанд ба қатл мерасониданд. Номи онҳо аз номи ханҷар ва ё шамшери кўтоҳ, ки дар зери либос пинҳон мекарданд гирифта шудааст. Сикориҳо пас аз шикаст хурданашон ба Миср фирор менамоянд ва фаъолияти онҳо дар соли 73 милодӣ пас аз муҳосираи сесола дар Массад ба тариқи худкушӣ ба охир мерасад. Дар қатори пешвоёни сикориҳо Менахем писари пешвои зелотҳо ном бурда мешавад. [12]

Лозим ба ёдоварист, ки истифодаи зуроварӣ ба муқобили давлат аз рўи нишонаҳои динӣ, ки онро назарияи масеҳият дастгирӣ менамуд, ба сифати идеология расмӣ бароварда шуда буд. Ҳамин тавр, Август Авреллий яке аз муосирони аввалини императорҳои Рум, ки калисои католикиро муқаддас мешинохт навишта буд: «давлат, ки аз тарафи инсон сохта шудааст, ҳадафи он муваққатист, вай бо зурӣ сохта шудааст ва иҷборӣ нигоҳ дошта мешавад. Ҳангоми  мавҷуд набудани адолати илоҳӣ давлат чист, яъне давлат гуруҳи на чандон калони роҳзанон ва инчунин худи ҳамин гуруҳҳои роҳзан ҳамчун давлат дар шакли хурди он аст». [2,166]

Ҳамин тавр Августин яке аз аввалин идеологҳои калисо гардид, ки вай истифодаи усулҳои зуровариро барои ҷалб ба масеҳият ва мубориза бо фирқаҳои барои калисо номақбулро пешниҳод намуда буд. Ӯ навишта буд, «Чун хадафи давлати масеҳӣ дар оянда рифоҳ аст, давлат дар сурате, ки бединро боваркунонида наметавонад, бояд маҷбур созад ва на омўзонад». Чунин мавқегирӣ имкон дод, ки Августинро аввалин догматики инкивизитсяи муқаддас шиносанд.[6,292] Ҳамин тавр Августин баёнкунандаи идеяи стандартҳои дугонаест, ки дар зеҳни сиёсии аврупоиҳо маҳкам ҷой гирифтааст, мебошад. Ба назари ў  агар амали онҳо ба муқобили  намояндагони ҷомеа равона шуда бошад манфӣ ва аз ҷониби дигар ба муқобили тарафи муқобил равона гардида бошад мусбӣ қабул карда мешуданд.

Дар асрҳои миёна зуроварӣ хусусияти умумиро гирифта буд.  Зуроварии иҷтимоӣ шакли ҳукмрони муносибатро, ки дар асл чаҳорчӯбаи воқеии қонунӣ надошт, мегирад. Пайдошавии инкивизитсия қисман аксуламал ба муқобили пайдоиши ҳаракату ҷунбишҳои дигарандешона (табориҳо, валденсҳо, богомилҳо ва ғ.) ва мубориза ба муқобили онҳо дар дохили ҷомеаи аврупоии Папа буд. Онҳо ҷангҳои байниҳамдигарии сахти динӣ мебурданд, ки аз худ харобиҳои зиёдро ба ҷой мегузоштанд.

Муайян намудани миқёси инкивизитсия бо сабаби набудани маводҳои мустанад дар бораи фаъолияти инкивизитсияи асримиёнагӣ басо мушки аст. Аммо дар соли 1817 китоби кашиш (руҳонӣ) Х.А. Лоренте ба нашр расид, ки дар он дар бораи инкивизитсияи Испания маълумот дода шудааст. Аз рўи маълумотҳои дар ин асар оварда шуда дар байни солҳои 1481-1809 тақрибан 341021 нафар одамон мавриди таъқиби инкивизитсия қарор гирифтанд, ки аз ин ҳисоб 31 912 дар оташ сухта шуда, 17659 қисман ба ҷавобгарӣ кашида шуда ва 291460 ба зиндон маҳкум карда шуданд. [6,292]

Дар қонунгузории Россия аввалин бор амалҳои ҷиноии зидди дин (таҳқир ба муқаддасоти динӣ, расонидани зарар ба амволи калисо ва ғ.) дар санадҳои калисои рус дар солҳои 1551 ва 1649 пайдо шуда буданд. Дар ин санадҳо мафҳуми ҷиноӣ алайҳи дин чандон равшан набуд ва аз ин рў  дар зери ин мафҳум тамоми ҳаракатҳои динӣ ва ҷамъиятиеро, ки нисбат ба православия хусумат доштанд дохил намудан мумкин буд.

Дар қиёс бо кишварҳои Аврупои Ғарбӣ дар Россияи асримиёнагӣ зӯроварии диниро бештар ба сокинони худ ва на ба душманони динии хориҷӣ раво дида буд. Ба хусус пас аз тақсимшавии калисои суннатии Россия дар асри XVII сабаби боз як марҳилаи таъқиби мухолифон гардид. Соли 1685 фармони шоҳи Рус ба тасвиб расид, ки вай муборизаро ба муқобили “старообрядҳо” (сарруритҳо) сахт намуд. Роҳбари онҳо Авакум дар оташ сӯзонида шуд.

Дар Аврупои давраи нав мо намунаҳои мухталифи терроризмро вомехӯрем. Масалан Шаби Варфоломей, яъне шаби 24 августи соли 1572 католикҳо дар арафаи рўзи Верфоломейи муқаддас 30 ҳазор гугенотҳоро (протестантҳои Фаронса) ба қатл расониданд.

Дар миёнаи асри XIX назарияпардозони терроризм пайдо шуданд, ки яке аз онҳо ифротигарои олмонӣ   Карл Гейнтсен буд. Вай дар мақолаи худ «Қатл» мафҳуми ахлоқро рад намуда, дуруст будани терорро ба муқобили табақаи ҳокимро эълон кард. Ў чунин меҳисобид, ки ба нерўҳои иртиҷоӣ бояд чунин силоҳро муқобил гузошт, ки як гуруҳи на чандон калон битавонад бесарусомониро ба миён оварад. Дар ин ҷо Гейнтс пеш аз ҳама ба гази химиявӣ такя намуда, инчунин даъво дошт, ки роҳу усулҳои нави маҳвсозанда пайдо карда шаванд, ки он бо номи «фалсафаи бомба» маъруф аст. Баъдан концепцияи «фалсафаи бомба»-и Гейнтс дар «назарияи шикаст» – и Бакунин (заҳр, корд ва ресмон) тақвият дода шудааст.

Дар нимаи дуюми асри XIX террор ба хусус дар заминаи анархистию миллатгароӣ рушд намуд. Дар ин давра шоҳи Франсия Луи Филипп, императори Пруссия Фридрих Вильгельм, императори Россия Александри II қурбонии амалҳои террористӣ гардиданд. Пайравони терроризм дар ин давра халқчиёни Рус, миллатгароёни Ирландия, Македония, Сербия, анархистҳои Франсия ва инчунин ҳаракатҳои мушобеҳи онҳо дар Италия, Испания ва ИМА буданд.

Яке аз аввалин ҳаракатҳои динии экстремистии асримиёнагии олами ислом ҷамъияти исмоилиҳои қалъаи Аламут буд, ки он дар илми шарқшиносии Ғарб бо номи орден ассассинов ба маънии дастури қотилон ёд мешавад, мебошад. Асосгузори ин ҳаракати мазҳабӣ яке аз доъиёни равияи исмоилияи ташайюъ Ҳасани Саббоҳ мебошад. Вай дар соли 1090 қалъаи Аламутро ба зери тасарруфи худ дароварда, онро ба маркази муқтадири таълимоти худ ва инчунин ба маркази мубориза ба муқобили мухолифони шиъаи исмоилия табдил дод. Ҳасани Саббоҳ ба пайравонаш дастур дод,  ки ҳатто ҳамдарси худи ў – вазири маъруфи Салҷуқиён Низомулмулкро, ки аз сарсахтарин муборизони зидди равияи ў буд низ ба қатл расонанд. Роҷеъ ба Ҳасани Саббоҳ ва таълимоти ў, инчунин забти қалъаи Аламут дар соли 1256 аз тарафи муғулҳо дар китоби Атомалики Ҷувайнӣ «Таърихи ҷаҳонкушой» ва инчунин дар асарҳои  И.П.Петрушевский ва Строева, Л.В. ва ғ. ба тариқи муфассал маълумот дода шудааст. [4,482-525]

Қобили зикр аст, ки пайравони мазҳаби Имоми Аъзам дар асрҳои миёна ҳаракатҳои ифротгароӣ надоштанд, зеро тибқи ин таълимот подшоҳ сояи худо дар рўи замин ҳисобида шуда, ҳамагуна исён ба муқобили ў амали куфр ва бо роҳи зурӣ пахш карда мешуд. Яъне дар тӯли таърихи ислом то ибтидои асри ХХ дар олами ислом давлатҳои мусулмонӣ вуҷуд доштанд, аммо на ба маънии имрўза давлатҳои исломӣ. Дар ин давлатҳои мусулмонӣ пайравони адёни мухталиф дар канори ҳам умр ба сар мебурданд ва ҳеҷ гуна хушунат миёни онҳо вуҷуд надошт.

Бояд хотирнишон сохт, ки дар миёнаи асри XVIII ҳаракати динию сиёсие дар асоси таълимоти Муҳаммад ибн Абдулваҳҳоб равияи ваҳҳобия ба вуҷуд омад, ки он имрўзҳо идеологияи расмии Арабистони Саудӣ мебошад. Моҳияти асосии ин ҳаракат бозгашт ба исломи ноби замони хулафои рошидин, такя ба Қуръону ҳадис ва поксозии дини ислом аз бидъатҳо буд. Идеяи ҷиҳод дар ин равияи динию сиёсӣ ҷойгоҳи махсусро ишғол менамояд.[1,3]

Ҳамзамон, ба ин нукта бояд ишора фармуд, ки  дар нимаи дуюми асри  XIX дар олами ислом ҳаракати ислоҳотхоҳӣ оғоз мегардад, ки асосгузорони он Ҷамоллидин ал – Афғонӣ (1839-1898) ва донишманди Мисрӣ Муҳаммад Абдо (1849-1905) буданд. Ислоҳталабон хуб дарк менамуданд, ки “Ғарб бо лутфу донишу кор муваффақ гардида, пеш рафт ва Шарқ ба далели ҷаҳлу танбалии худ ақибмондааст”.[3,433] Аз ин рў онҳо мусулмононро барои гирифтани донишҳои муосир даъват менамуданд, аммо одобу русуми зиндагии Ғарбро қабул надоштанд. Ислоҳоталабон инчунин мардуми мусулмонро ба озодию истиқлол, меҳанпарастӣ ва ҳатто миллатгароӣ (ба маънии миллати ислом), ки   ба аҳкоми ислом зид набошад, даъват менамуданд.

Яке аз бонуфузтарин созмонҳои бунёдгарои ифротии исломии ҷаҳони муосир бидуни шак созмони “Бародарони мусулмон” мебошад, ки он дар соли 1928 аз ҷониби муаллими Мисрӣ Ҳасан ал- Банна ташкил карда шудааст. Дар консепсияи идеологии “Бародарони мусулмон” ҷойгоҳи муҳимро ислом ҳамчун як низоми махсуси идеологӣ ва сиёсӣ ишғол менамояд. Дар соҳаи иқтисодӣ онҳо ба ин назаранд, ки молики ҳама чиз дар рўи замин танҳо Аллоҳ аст ва инсон танҳо молики он чизе шуда метавонад, ки ба туфайли меҳнати ҳалолаш ба даст овардааст. Инчунин дар идеологияи ин созмон манъи судхурӣ манъ буда, ташкили банкҳои бефоизи исломӣ, мутобиқати пурраи конститутсия ва ҳамаи қонунҳо ба аҳкоми шариат ва ғайра дар назар дошта шудааст.[7,26]

Лозим ба ёдоварист, ки идеологҳои “Бародарони мусулмон” ҳадафи асосии худро бо такя ба Қуръону ҳадис дар ташкили давлати хилофати мусулмонон ба мисли хилофати замони хулафои рошидин мебинанд. Аммо мусаллам аст, ки дар ин сарчашмаҳо дар бораи ташкил ва идораи давлати мусулмонӣ ва ё режими сиёсӣ ҳеҷ гуна маълумот дода нашудааст. Аз ҳама муҳимаш дар сарчашмаҳои фавқуззикр истилоҳи “давлат” умуман истифода нагардида, танҳо мафҳумҳои «имомат» ба маънии имоми масҷид ва «хилофат»  ба маънии ворисият вуҷуд доранд, ки онҳо баъдтар ба маънии давлати мусулмонӣ истифода шудаанд.[10,139]

Лозим ба ёдоварист, ки аз батни ин ин созмон садҳо созмонҳои динию экстремистӣ баромадаанд, ки яке аз онҳо ташкилоти “аль-Ҷиҳод”  мебошад, ки он дар заминаи шуъбаи мисрии “Бародарони мусулмон” ташкил карда шуда ва он ба муқобили хизматчиёни воломақоми давлатӣ суиқасд ташкил менамуд. Масалан, 6 октябри соли 1981 ҳангоми паради ҳарбӣ аз ҷониби гурўҳи лейтенант Халид ал- Исламбули президенти Миср Анвар Содот кушта шуд.[11]

Аз соли 1993 ба баъд ин ташкилот ба муборизаи ошкорои низомӣ ба муқобили давлат оғоз намуд. ба муқобили як қатор шахсиятҳои баландпояи сиёсӣ суиқасд ташкил намуд. Аз ҷумла, моҳи августи соли 1993 суиқасд ба ҷони вазири корҳои хориҷии Миср Ҳасан ал-Алфӣ, 18 августи ҳамон сол суиқасд ба ҷони вазири корҳои дохилӣ, 25 ноябри 1993 суиқасд ба ҷони сарвазир Атеф Сидқӣ, ки дар натиҷаи он 18 роҳгузар ҳалок гардиданд, ташкил намуд.[11]

Бояд хотирнишон сохт, ки аъзоёни созмони “Бародарони мусулмон”  дар Миср ва берн аз он садҳо амалиётҳои террористӣ анҷом додаанд, ки дар натиҷаи онҳо ҳазорон нафар одамон ҷони худро аз даст бохта ва ҳазорон ҳазори дигар захм бардоштанд.

Дар таърихи навтарини олами ислом ҳизби ифротгарои дигаре, ки 17 ноябри соли 1952 аз ҷониби Тақиаддини Набҳонӣ, Абдулкадими Заллум ва Аты Абу ар-Рашти созмон дода шуд, ки он “Ҳизб ат-таҳрир ал-ислами” (“Ҳизби озодии исломӣ”) мебошад. Дар қиёс бо дигар аҳзобу созмонҳои экстремистӣ идеологҳои ин ҳизб дар асарҳои бешумори назариявии худ, биниши махсуси ташкили хилофатро аз ҷониби ин ҳизб кор карда баромадаанд.

Бояд гуфт, ки ба назари идеологҳои Ҳизб ат-таҳрир ал – ислами марзҳои сиёсии хилофати оянда дар Ғарб аз Марокаш то Испания ва дар Шарқ аз Ҳиндустону Осиёи Марказӣ то Индонезияро фаро мегирад.  Ба ин хилофат халифа, ки дар асоси конститутсия интихоб карда шуда инчунин дар он вазифаҳои ёрдамчӣ (муъавин ат-танфид) ҳокими вилоят (волӣ) раиси ноҳия (омил ё ҳоким) пешбинӣ шуда ва ваколатҳои онҳо ба пуррагӣ шарҳ дода шудааст.[13]

Қобили зикр аст, ки пас аз фурўпошии Иттиҳоди Шуравӣ дар ҷумҳуриҳои мусулмоннишини он, аз ҷумла дар Тоҷикистон созмони “Бародарони мусулмон” ва “Ҳизби озодии исломӣ” фаъолияти густардаи пинҳонии худро ба роҳ монда ҷавонони гумроҳи моро ба доми ақидаҳои ифротии худ мекашиданд. Аз ин рў фаъолияти онҳо тибқи қарори суд фаъолияти онҳо дар қаламрави ҷумҳурии мо мамнуъ эълон карда шудааст.

Дӯстов Дӯст Каримович, дотсенти кафедраи таърих ва диншиносии ДДҲБСТ

Олимов Дилшодҷон Рӯзибоевич, муаллими калони кафедраи таърих ва диншиносии ДДҲБСТ

You might also like