Тозагии муҳит мароми мост

Имрӯз санаи 16-уми ноябр дар саросари мамлакат Рӯзи Президент ва Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда мешавад. Бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол намудани ин санаҳои муқаддасу таърихӣ сокинон дастаҷамъона ба ҳашари шанбегӣ баромаданд.

Дар қатори сокинони касбу кори гуногундошта устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо рӯҳияи баланди ҷашнӣ ба ҳашари шанбегӣ баромада, саҳмашонро дар тозаву озода намудани муҳит гузоштанд.

Беш аз 500 нафар донишҷӯёну устодон шуруъ аз саҳни донишгоҳ то ба гардишгоҳ ва канори роҳу ҷӯйборҳои маҳаллаҳои Тиллокон ва Темурмалики маркази вилоятро аз ҳаргуна алафҳои худрӯю партовҳо ва хасу хошок поккорӣ намуданд.

Роҳбарони маҳаллаҳои мазкур донишҷӯёну устодонро ҳамроҳӣ намуда, ҷӯйбору роҳравҳо ва поёни дарахтони сояафкану ороиширо аз хазонрезаҳо ва дигар намуди партовҳо тозаву озода намуданд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like