Эктремизм, терроризм, нагаравидани ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб

         Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки «Паёми имсола ба мақоми олии қонунгузори мамлакат ва мардуми шарифи Тоҷикистон дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав-терроризм ва экстремизм, вусъати бесобиқаи бархурди манофеи қудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон вобаста ба ин, боз ҳам печидаву муташанниҷ гардидани вазъи сиёсии саӣёра, инчунин шиддат гирифтани бӯҳрони молиявию иктисодӣ дар бисёр кишварҳои олам пешниҳод мегардад».

Дар  Паёмҳои ҳарсолаи худ, Президенти кишвар бо муассиртарин суханҳо экстремизм ва терроризмро маҳкум мекунанд. Ҳанӯз 4-уми апрели соли 2002, 30-юми апрели соли 2004 ва баъдан 15-уми апрели соли 2009 Пешвои муаззами миллат дар Паёмҳои худ терроризм ва экстремизмро ҷиноятҳои хавфноки муосир номида, камбизоатӣ, аз адолати воқеӣ дур будани воқеияти низоми ҷаҳонӣ, сатҳи пасти маърифат, ҷудоиандозии миллӣ, ихтилофи фарҳангӣ ва амалҳои худгароёнаи баъзе давлатҳоро дар арсаи байналмилалӣ чун сабабҳо ва омилҳои бавуҷудорандаи терроризм номиданд. Санаи 20-уми апрели соли 2011 бошад, Сарвари кишвар аз минбари баланд дар Паёми худ аз ҷаҳонӣ шудани зуҳуроти хатарнок, аз қабили терроризму экстремизм изҳори нигаронӣ намуданд. Президенти кишвар бо огоҳии том мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мардуми кишварро аз мавҷудияти зуҳуроти дигари хатарнок, чун радикализм, ки бародари ҳамхуни терроризму экстремизм аст, мутталеъ намуда, зарурати муқовимат ба онро низ таъкид карданд.

Терроризм ва экстремизм яке аз таҳдидҳои ҷиддие мебошанд, ки имрўз ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтаанд. Ин падидаҳои номатлуб на танҳо амнияти миллӣ, балки субот, арзишҳои инсонӣ ва рушди иҷтимоиро низ таҳти хатар мегузоранд. Терроризм амале мебошад, ки ҳадафаш тарсонидани аҳолӣ, таъсир ба сиёсати давлатӣ ё маҷбур кардани ҳокимият барои иҷрои талаботҳои номақбул мебошад. Экстремизм бошад, паҳн намудани ғояҳои ифротгароёна ва амалҳои зиддиқонунӣ мебошад, ки ба зўроварӣ ё вайрон кардани низомҳои ҷамъиятӣ равона шудаанд. Омилҳое, ки барои содир кардани чунин амалҳои номатлуб баромад менамоянд: сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ ва таҳсилот, бекорӣ ва камбизоатӣ, нобаробарии иҷтимоӣ, истифодаи нодурусти дин барои таҳрик додани ҷавонон, технологияҳои иттилотӣ, ки барои таблиғи ғояҳои ифротгароӣ истифода мешаванд. Ба фикри мо чораҳои пешгирӣ барои чунин падидаҳои номатлуб баромад менамояд: баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, хусусан ҷавонон, тавассути таълими дуруст, тақвият додани ҳамкориҳои байналмилалӣ барои мубориза бо шабакаҳои террористӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ, имкониятҳои рушди иқтисодӣ.

Бинобар ин, ҳар як шаҳрванд бояд дар мубориза бо ин падидаҳои номатлуб саҳм гузорад. Тарбия ва таълими насли наврас, ҳамкорӣ бо мақомот ва бохабар будан аз таҳдидҳо аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими ҷомеа мебошанд. Мубориза бо терроризм ва экстремизм на танҳо вазифаи мақомоти ваколатдори давлатӣ, балки масъулияти тамоми инсоният аст, танҳо тавассути ҳамкорӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ мо метавонем ин таҳдидҳоро рафъ кунем.

Авезова З.Б. муаллими калони  

                                                                       кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ. ДДҲБСТ

You might also like