Ваҳдат – сарҷамъию якдилӣ

Бознашр

Дар замони ҷаҳонишавии тамаддунҳо халқе пойдории амиқи андешаву омол ва расму одатҳояшро нигаҳ медорад, ки арзишҳои миллии худро қадр карда тавонад. Таърих гувоҳ аст, ки ҷанг ба нестии халқу миллатҳо оварда, боиси бадбахтии инсоният гаштааст. Тоҷикон миллате, ки бар сари онон борҳо аҷнабиён, бодиянишинон барои фақат ғасбу тороҷ намудан, тохтутоз кардаанд, аммо ин мардуми азияткашида борҳо сарзамини худро эҳё ва дар баробари зулму тааддии бегонагон сабру таҳаммулро аз даст надодааст. Оғози солҳои 90-ум ҳамин қисмат тоҷиконро ба кӯи ғарибӣ афканд, аммо ин мардуми сабрандеш бо Сарварии фарзанди фарзонаи хеш боз роҳи сулҳу ваҳдатро пеша кард ва имрӯз барои тамоми сайёра он намунаи ибрат аст.

Хизматҳои шоёни муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди тағйироти нави бунёдкориву созандагӣ, ба Ваҳдати миллӣ расидани тоҷикон дар бунёди неругоҳҳои барқӣ, кушодану васли роҳу нақбҳо, бедору ғанӣ гардонидани ифтихори миллӣ, вусъат бахшидан ба вазъи таълиму тарбия ва тандурустӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Дар баробари ин, Президенти кишвар дар иншои асарҳои гуногуни таърихиву фарҳангии миллат ва зиндаву ҷовид гардонидани чеҳраҳои мондагори илмию адабӣ, қаҳрамонони миллат ва сарнавишти мардуми тоҷик ҳусни тафоҳум бахшида, бо пешниҳоду ташаббусҳои байналмилалӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ мақоми хосса доранд, ки ин маҳбубият на танҳо боиси боварию эътиқоди мардуми Тоҷикистон, балки ифтихори тамоми тоҷикони ҷаҳон аст.

Мактаби сарварии Пешвои миллат таълимгоҳест, ки дар марҳилаи бисёр мураккабу пуртазод ташаккул ёфта, мавқеи созандагиву бунёдкорӣ касб намудааст. Ин мактаби сиёсӣ дорои хусусиятҳои ягона мебошад, ки ҳокимият ва муносибатҳои он аз ҷониби ин ниҳоди сиёсӣ бо риояи принсипҳои демократӣ амалӣ гашта, манфиати давлату миллат аз ҳама боло гузошта мешавад.

Ҳамаи ин меваи сулҳу истиқлолхоҳии Сарвари тоҷикони ҷаҳон, ки ваҳдатро чун парчами ягонагии инсоят афрохта, сулҳро кафили озодию сарҷамъии тамоми миллатҳо медонанд. Мо, чун ворисони арзанда ва тарафдорони ваҳдату осоиштагии мардуми тоҷик барои тамоми сайёра хоҳони онем, ки бигзор на танҳо дар Тоҷикистон санаи 27-уми июн Рӯзи Ваҳдат ва сулҳ ҷашн гирифта шавад, онро тамоми ҷаҳон чун башорати озодию ободӣ ва сулҳи комил ҷашн бигиранд. Тоҷикистон ягона давлатест, ки мардумаш иди Ваҳдат доранд, мо мехоҳем, ки Ваҳдати кулли сайёра фаро расад, ба ҷои истеҳсоли яроқ инсоният ва ваҳдату сулҳ рӯ биоварад.

 

Раҳматова Д.А. – дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ

You might also like