Экстремизм ва терроризм-таназзули ҷомеа
Дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки на танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмӯъ ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор оварда, дар ҳама минтақаҳои олам тамоюли паҳншавиро дорад, терроризм ва экстремизм мебошад, ки боиси таваҷҷуҳи ҳаматарафаи созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон гардидааст. Ҳарчанд падидаҳои ҷойдошта мавҷуди ин аср нестанд, вале дар баробари асри нав симои навро ба худ гирифта, моҳияти онҳо шакли муташаккилтару мураккаби зоҳиршавиро пайдо кардааст. Имрӯз ва дар оянда низ терроризм ва экстремизм ҳамчун хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир, ки босуръат рушд намуда истодааст, тарзу усулҳои нави истифодабариро ба худ касб мекунад. Барои мисол, дар як даҳсолаи охир садҳо ҳазор нафар мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ ва экстремистӣ гардида, ҳазорҳо нафари дигар маъюбу корношоям шуданд. Ҳалокати ҳазорон мардуми осоиштаи сайёра, алалхусус қисми осебпазири ҷомеа занону кӯдакон аз ин хатари марговар гувоҳи он аст, ки ин амалу кирдори ваҳшиёна ба касеву чизе раҳм надорад ва ҳамчун василаи амалӣ сохтани ҳадафу мақсадҳои нопок аз ҷониби як тӯдаи аз фарҳангу маърифат дур, бехирад ва ҷоҳилу нотавонбин истифода мегардад. Сиёҳ кардани давлатдории дунявии демократӣ аз нуктаи назари дин хатои маҳз мебошад, ки онро гурӯҳҳои муайян дар муборизаҳои сиёсии худ истифода мебаранд ва динро парчами худ намуда дар давлатҳои мусалмонии Шарк оташи ҷангҳои ифротгароёнаро меафрӯзанд. Ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти динӣ, одатан низоми давлатдории миллиро хилофи дини ислом ва омили асосии паст задани дин дар ҷомеа меҳисобанд. Хушбахтона имрӯз сокинони асосии кишвари мо ба ин тамоюл баҳои дурусти худро медиҳанд зеро оиди давлату давлатдорӣ ва дин назари худро доранд, чунин мешуморанд ки фақат давлати дунявию демократӣ метавонад динро тараққӣ дода роҳҳои дурусти онро пешкаши мардум гардонад. Дар баробари ҳамаи ин аққалиятҳое низ вучуд доранд. ки низоми давлатдории дунявӣ – демократиро монеаи асосии пешрафти дину мазҳаб медонанд ки ин ақида хатои маҳз ба шумор меравад. Ин маънои онро дорад, ки то ҳанӯз доир ба фаҳмиш ва дарки дурусти моҳияти низоми давлати дунявӣ демократӣ ва миллӣ проблемаҳо ҷой доранд. Мутаассифона дар тассавури баъзе афроди ҷомеа ақидаҳои нодурусти динӣ ҷой доранд, ки онҳоро ба гурӯҳҳои ифротгароӣ шомил мегардонад ва аҳидаҳои носолими динии худро мехоҳанд, ки дар ҷомеаи демократии дунявӣ амалӣ созанд. Мехоҳанд, ки ҷаҳон мувофиқи хости онҳо шакл бигирад. Қисми зиёди чунин афроди ҷомеа дар дар гузашта дузду ҷинояткор будаанд ё нашъамандӣ кардаанд. Инак, онҳо ба фиребу найранги динӣ афтида аз зиндагии ободи худ дур шудаанд. Гурӯҳҳои бадрафтор ва террористӣ барои ноил шудан ба нақшаҳои худ аз дин моҳирона истифода мебаранд, ба монанди собиқ роҳбари ҲНИТ, ки натиҷа дар Сурияи Араб ва Ироқ боиси халок шудани бисёр ҷавонон гардид. Имрузҳо авзои сиесии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти бо суръати он, ҷиҳати вусъат ёфтани низоҳои байнимазҳабӣ ва арзӣ ҷиноятҳои мутташаккили фаромарзӣ, зиракии сиесии шаҳрвандон аҳамияти бағоят муҳимро касб менамояд. Аз ин чост, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд бидонанд, ки солҳои мудҳиши 1992-1995 миллати тоҷик дар марзҳои Авғонистон масъулияти мубориза зидди хунсардӣ ва бебодигариҳои диниро ба дӯши худ гирифта ба ивази курбониҳои ҷонӣ ва хисороти бузурги иктисодию молиявӣ нагузошт, ки дар Тоҷикистон нерӯҳои ифротгарои динӣ ва дигар давлатҳои осиёгии аъзои ИДМ мавқеи роҳбарии худро дошта бошанд, аз ин ҷост ки Ҷумхурии мо дар сафи кишварҳои камшуморест ки муқобили ин қабил “озмоишҳо” истодагарӣ ва пирӯз шуданро макоми худ кардааст. Фаъолиятҳои ғарбии тудрави динӣ корвони худро аз мамлакатхои Шарқ ба ҷойҳои наздиктари мамлакатхои Ғарб интиқол додаанд, ки ҳоло бо номи созмони ифротгароию террористии ДИИШ дар либоси сиёҳи дӯстдорони дини ислом корҳои душманонаи онҳоро бароварда истодаанд. Яке аз ин гуна “озмоиш”ҳояшонро онҳо моҳи сентябри соли 2015 дар Тоҷикистон гузарониданӣ шуданд. Овози баланди мардуми тоҷик “Ман Ватанамро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар”- пирӯзии комили мардум моро таъмин намуд. Ин гурӯҳи нотавонбинони аз оламу одам норозӣ, ҳамавақт буданд ва мемонанд, ғаразҳои нопоки онҳоро сарфи назар кардан намешаванд. Вазъияти ногувори амният дар ҷаҳон фаъолияти гурӯҳҳои ифротгароию терористӣ тақкозо менамояд, ки мо садди роҳи амалӣ шудани ниятҳои онҳо шавем, ҳамеша дар корҳои ободонию созандагӣ ва рушди устувори иқтисодиёти ҷумҳурӣ саҳми худро гузорем.