ТАЪСИРИ МАНФИИ ТЕРРОРИЗМ БА ИҚТИСОДИЁТИ МИЛЛӢ
Дар шароити ҷаҳонишавии хоҷагии халқ терроризм таҳдиди ҷиддӣ ба рушди иқтисодиёти ҳар як мамлакати соҳибистиқлол мебошад. Таъкид ҷоиз аст, ки терроризм ба маънои том метавонад ба ҳамаи ҷанбаҳои иқтисодиёти кишвар таъсири манфӣ расонад.
Азбаски дар шароити иқтисодиёти бозорӣ, аксаран моликият, моликияти хусусӣ мебошад, ҳодисаҳои террористӣ соҳибкорони хусусиву сармоягузоронро метарсонанд ва боиси коҳиши сармоягузориҳои дохилӣ ва хориҷӣ мешаванд. Аз ин лиҳоз, сармоягузорон барои маблағгузорӣ ба кишварҳое ки сатҳи амнияташон баландтар аст бисёртар таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.
Таъкид ҷоиз аст, ки ҳодисаҳои террористӣ харобиҳои ҷиддии инфрасохторӣ ва талафоти инсонӣ ба миён меоранд. Инчунин, барқарор кардани инфрасохтор ва кумаки иҷтимоӣ хароҷоти зиёди молиро талаб мекунад.
Терроризм ба ҳаммаи соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат таъсири манфӣ мерасонад. Иқтисодиёти мамлакат, хусусан соҳибкорон бештар осеб мебинанд, хавфи аз даст додани моликияташон меафзояд, ки ин боиси коҳиши даромади онҳо мегардад.
Қобили таъкид аст, ки терроризм метавонад равуои озоди молу маҳсулот ва хизматрасониҳоро маҳдуд кунад. Инчунин, боиси зиёд гардидани хароҷотҳои гуногун ва баландшавии сатҳи зарар мегардад.
Дар кишварҳое, ки терроризм зиёд аст, фазои корӣ ва тиҷоратӣ ноустувор мегардад, ин боиси аз он мамлакат ихроҷи коргарон ва корхонаҳо ба кишварҳое, ки фазои амнияташон устувор аст, мегардад.
Дар натиҷаи коҳиши даромадҳо, сатҳи зиндагии аҳолӣ паст шуда, боиси афзоиши камбизоатии аҳолии мамлакат ва норозигии ҷомеа мегардад.
Бояд зикр кард, ки терроризм на танҳо таҳдиди амниятӣ, балки таҳдиди ҷиддӣ ба рушди иқтисодиёти кишвар мебошад. Барои пешрафти устувор, муборизаи фаъол бо ин мушкилот зарур аст.
Ҳайитбоева Наргиза Алиқуловна
д.и.и., дотсенти кафедраи хадамоти гумрук